Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдирҳои шикастаи духтаракони наврас


Духтараки ноболиғ аз вилояти Тахор фоҷиаи ба сараш омадаро оромона нақл карда наметавонад. Бо ҳиқ-ҳиқу садои гирифта мегӯяд, гурӯҳе аз мардон ӯро бо таҳдиду зӯрӣ таҷовуз карданд:

«Се шабу се рӯз маро таҷовуз карданд. Шаробу ҳар чиз медоданд, намефаҳмидам, мисли як девона будам. Туфангча, чоқу кулли дигар чиза доштанд. Ин қадар сангдил буданд, ки ҳеҷ раҳм надоштанд. Ҳар чӣ мегуфтам, гӯш намедонанд.»

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи занону кӯдакон дар Афғонистон мегӯянд, садҳо нафар занону духтарони афғон мисли ин духтарак мусибат дидаанд. Шайло Самимӣ - узви Анҷумани занони афғон ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо дар зарфи се моҳи соли равон 112 мавриди таҷовуз ба номуси духтарони синни зери 17-сола сабт шудааст. Аммо, мегӯяд Шайло Самимӣ, дар саросари Афғонистон ҳазорон зану духтар ва ҳатто бачаҳое ҳастанд, ки ба номусашон таҷовуз шудааст, вале онҳо ин аз тарс дарди худро ниҳон медоранд. Дар ҷомеаи муҳофизакори Афғонистон, ки шарафу номусро аз ҳама боло медонанд, чун дар Тоҷикистон, доир ба ин бадбахтии худ хомӯширо авло медонанд, зеро дар ҷомеа онҳо ба қавле ба нафрат нигоҳ мекунанд.

Аммо иллати дигаре низ ҳаст, ки қурбониёни таҷовуз ба номусро хомӯш нигаҳ медорад. Фаъолони ҳуқуқи инсон дар Афғонистон мегӯянд, баъзе аз таҷовузгарон афроди нерӯманд ва серошное ҳастанд, ки бо гурӯҳҳои мусаллаҳ ва мақомоти расмӣ робита доранд.

Вале дар ин авохир аъзои хонаводаи баъзе аз қурбониён сукутро шикаста ва барои адолатхоҳӣ садо баланд карданд. Як сокини ноҳияи Тахор, ки духтари ягонаи хонааш мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтааст ва ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Афғонистони Озод ашкҳои пайиҳам аз торҳои ришаш мечакид. Волидони як духтари 11-солаи дигаре, ки аз тарафи панҷ марди мусаллаҳ дар ноҳияи Сари Пул мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтааст, мегӯянд, тамоми аъзои хонавода мехостанд, худро бикушанд, зеро натавонистаанд, фарзанди худро ҳимоят кунанд.

Ҷасурона садо баланд кардани аъзои хонавода ва баъзе аз қурбониёни таҷовузи ҷинсӣ ва намоиши барномаҳои телевизионӣ сабаб шуд, то раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай бо ду қурбонии таҷовузи ҷинсӣ мулоқот кард ва қавл дод, ки таҷовузгаронро ба пойи курсии муҳокима мекашанд ва онҳо ҷазои сахттаринро хоҳанд гирифт, яъне ҳукми қатлро.

Пас аз ин эъломи Ҳомиди Карзай дар ноҳияи Сари Пул панҷ мақоми расмӣ, аз ҷумла ,маъмурони амниятӣ ва пулис аз кор ронда шуданд. Дар вилояти Тахор пулис шаш нафар, аз ҷумла, як марзбонро бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсии як духтари ноболиғ боздошт карданд.

Намояндагони Анҷумани занони афғон чанде пеш бо Аҳмад Зиё Масъуд - ноиби раисҷумҳур мулоқот карда, ва аз ҳукумат хостаанд, то таҷовузкоронро ҷазо диҳад ва нагузорад то чунин мусибат ба сари дигарон низ ояд. Шайло Самимӣ - намояндаи ин созмон мегӯяд, онҳо маъракаи ташвиқотиеро дар саросари кишвар оғоз кардаанд, то ҷиҳати ҷазо додани таҷовузкорон ба мақомот фишор оваранд. Шайло Самимӣ меафзояд, онҳо ба қурбониёни таҷовузи ҷинсӣ тавсия медиҳанд, ки ба ҷойи дар сукуту танҳоӣ азияту ранҷ кашидан ба пулис муроҷиат кунанд. Ва чанде пеш як духтари наврас аз вилояти Ҷузҷон ҳамин корро кардааст. Вай аз идораи пулис ба Радиои Афғонистони Озод гуфт:

«Аз давлат хоҳиш дорам, онҳое ки ба сари ман зулм карданд, бояд эъдом шавад. Аммо давлат ҳеҷ пурсон намекунад, бояд пурсон кунад.»

Фаъолони ҳуқуқи зан дар Афғонистон умедворанд, ки ин духтараки наврас ва садҳо нафари мисли ӯ дар ниҳоят адолатро мебинанд ва замонат мегиранд, ки ҳукумат онҳоро ҳимоят хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG