Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди расмии Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон


Пас аз дидори як бар яки Дмитрий Медведев бо Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, дар Душанбе, санадҳои ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар имзо шуданд.

Аз ҷумла, Баёнияи муштараки ду раисҷумҳур, Созишнома дар бораи ҳифзи мутақобили ҳуқуқ ва натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, ки дар рафти ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ ва фаннӣ истифода ва ба даст оварда мешаванд, Созишнома байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи таъсис ва фаъолияти Маркази байнулмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чақалтой», Созишнома байни вазоратҳои фарҳанги ду кишвар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, Созишнома байни вазоратҳои кишоварзии ду кишвар дар бораи ҳамкорӣ дар комплекси агросаноатӣ, Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ва РАО ЕЭС-и Русия ҷиҳати рушди лоиҳаҳои нави энержӣ дар қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.


Раисҷумҳури Русия, ки ду рӯз қабл барои иштирок дар нишасти сарони СҲШ ба Душанбе омад, имрӯз, барномаи боздиди расмии нахустини худ аз Тоҷикистонро пиёда мекунад.

Дидори раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Русия дар Қасри Миллат баргузор хоҳад шуд. Пас аз дидори як бар яки ду раисҷумҳур, мулоқот дар ҳайъатҳои васеъи давлатӣ идома хоҳад ёфт.

Дмитрий Медведев ҳамчунин аз пойгоҳи ҳарбии кишвари худ, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, дидан хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG