Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ


Раисҷумҳурони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой: Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ба Душанбе омаданд.

Аз рӯи барномаи нишаст, ду соати пас аз зӯҳр барои дидорҳои дуҷониба миёни раисҷумҳурони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой тахсис ёфтааст.

Субҳи фардо, 28 август, нишасти сарони кишварҳои узви Шонгҳой баргузор мешавад. Фардо, ҳамчунин, дар назар аст, ки раҳбарони кишварҳои нозир дар СҲШ: Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва вазири умури хориҷаи Покистон, ҳамчунин, раисҷумҳури Афғонистон, кишваре, ки ба ҳайси меҳмон даъват шудааст, ба Душанбе биоянд.

Бино бар иттилоъи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар нишасти Душанбе масоили таъмини амнияти минтақа, авзоъ дар Афғонистон, мубориза муқобили қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ ва ҳамчунин фаъолияти минбаъдаи созмон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Коршиносон ҳамчунин ҳадс мезананд, ки дар ин нишаст қазияи ахир миёни Русия ва Гурҷистон сари ду ҷумҳурии худхоҳи Гурҷистон, ки дирӯз, 26 август истиқлолияташон аз ҷониби Русия шинохта шуд, низ матраҳ гардад.

XS
SM
MD
LG