Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом: Дини сулҳ ё ситам?


Дар ҷаҳони Ислом чӣ мегузарад ва мусалмонон дар оянда аз кадом роҳ пеш ё қафо хоҳанд рафт?

Бернард Люис, профессори ифтихории Донишгоҳи Принстони Амрико ва аз донишмандони шинохтаи Ғарб дар масоили Ислом ва Ховари Миёна дар як сӯҳбат бо маҷаллаи амрикоии “Форин Полиси” ба ин суолҳо посух дод ва дидгоҳи худ роҷеъ ба Ироқ, решаҳои терроризм ва ду сӯъитафоҳуми бузурге, ки ҷаҳон дар қиболи эътиқоди мусалмонон дорад, рӯшан кардааст.

Бернард Люис ҳамчунин таъбири дар Ғарб роиҷи фашизми исломиро таҳқиромез ва ғайриқобилиистифода номида, мегӯяд, аксарияти мусалмонон бунёдгаро нестанд ва аксарияти бундёдгароён – террорист нестанд.

Бернард Люис мегӯяд, дар ҷаҳони муъосир ду каҷфаҳмии бузурги яке манфӣ ва дигаре мусбат роҷеъ ба Ислом вуҷуд дорад.

Як гурӯҳ ба мусалмонон аз дидгоҳи сирф манфӣ менигаранд ва ин мардумро барбариҳои хунхӯре мешуморанд, ки ба аҳли башар интихоби ё Қуръон ва ё дами шамшерро пешниҳод мекунанд. Ба эътиқоди ин тоифа, ба сурати умум, қадами мусалмонон ба ҳар куҷое бирасад, истибдод ва ситаму бедодӣ дар пай меорад.

Тоифаи дигар як бовари тасфияшудае дар бораи Ислом ва мусалмонон доранд ва Исломро дини сулҳу муҳаббат ва орӣ аз ҳар навъ пархошҷӯӣ тавсиф мекунад.

Бернард Люис мегӯяд, ҳақиқати Ислом дар моварои ин ду дидгоҳи комилан мухолиф қарор дорад.

Профессор Люис истифодаи таъбири дар Ғарб роиҷи “фашизми исломӣ”-ро барои мусалмонон таҳқиромез хонда, мегӯяд, ӯ дар чунин маворид истифодаи таъбири “исломи тундрав”-ро муносибтар медонад. Донишманд дар сӯҳбат бо “Форин Полиси” зимнан ба масъалаи терроризм ва Ислом низ пардохта мегӯяд, террорро намешавад танҳо посухи мусалмонон ба сиёсати хориҷии Амрико ва ё ба империализму ишғолгарӣ баҳо дод.

Бернард Люис мегӯяд, даврони империализм, ки ҷаҳони Ислом зери султаи чанд қудрати ғарбӣ қарор дошт, кайҳо паси сар шуда ва ба истиснои чанд қаламрави хурди баҳсӣ, ба мисли Чеченистон, боқии кишварҳои мусалмонӣ ба истиқлолият даст ёфтаанд ва акнун рӯзгори худро мустақилона пеш мебаранд.

Профессор Люис ҳамчунин дар тақвият ба назарияи Сэмюил Ҳантингтон дар бораи “низоъи байни тамаддунҳо” меафзояд, низоъи байни Ислом ва Масеҳият бештар аз монандиҳои байни ин ду дини ҷаҳонӣ маншаъ мегирад, на аз фарқҳои мавҷуда миёни онон. Ӯ мегӯяд, Ислом ва Масеҳият танҳо ду динест, ки иддао доранд, паёми ниҳоии Худованд маҳз ба онҳо расидааст ва, ба фарқ аз масалан, яҳудиён ва буддоиҳо, ки аз маҳдудаи дини худ берун пой намениҳанд, аҳли Ислому Насоро ба боқии башарият расонидани паёми ба онҳо расида аз Худовандро қарзи худ мешиносанд. Ба эътиқоди профессор Люис, низоъи байни Ислом ва Масеҳият аз ҳамин монандиҳои мавҷуд дар худшиносӣ ва собиқаи таърихии ин ду мазҳабе, ки пайравонаш асрҳо дар канори ҳам ба сар бурдаанд, бархостааст.

Бернард Люис мегӯяд, Ислом, ки дар тӯли 14 қарни вуҷудаш мазҳабе буда, ки барои миллионҳо нафари бечораву фақир умеду ҷоҳу мақом ва аҳамият медод ва як тамаддуни бузургеро ба вуҷуд овард, дар ҳоли ҳозир, дар панҷаи як бӯҳрони азим қарор дорад.

Ба эътиқоди профессор, ин бӯҳрон ҷаҳони Исломро метавонад ба дасти кам ду роҳ бубарад: Яке роҳи таъассуб ва истибдод аст, ки барои худи мусалмонон харобиовар ва барои боқии ҷаҳон хатарзост. Роҳи дигар, ба гуфтаи Бернард Люис, масири демократист, вале на ба шеваи роиҷ дар Ғарб, балки ба гунае, ки худи мусалмонон мебинанд.

XS
SM
MD
LG