Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Парвоз» дар Турсунзода шикаст хӯрд


Баргирифташуда аз Футболи Тоҷикистон

«Парвоз» аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки пешсафи феълии сабқати қаҳрамонии Тоҷикистон аст, бояд дар нахустин бозии сабқати қаҳрамонӣ пас аз танаффуси чолишӣ то чӣ андоза муддаии тило будани худро нишон медод.

«Парвоз» ба Турсунзода барои бозӣ бо рақиби аслии худ «Регар» ТадАЗ рафт ва аз он ҷо бо шикасти калон, бо ҳисоби 0-3 баргашт.

Воқеан, дар ин бозӣ турсунзодагиҳо голи панҷоҳумини худ дар сабқати 2008-ро заданд ва феълан, дастаи аз ҳама голзани сабқат маҳсуб мегарданд.

Вале бо вуҷуди ин голзаниҳо ва ин пирӯзӣ, «Регар» дар ҷойи саввум қарор дорад. Зеро соҳибмақоми дуввуми ҷадвали сабқат – дастаи «Хуҷанд» дар шаҳри Душанбе бар «Динамо» бо ҳисоби 3-1 ғолиб омад ва ҳамоно аз «Регар» ТадАЗ се хол бештар дорад. Дар бозии навбатӣ «Регар» ТадАЗ бо «Хуҷанд» рақобат хоҳад кард.

Бозии дигари сабқати қаҳрамонӣ миёни ду дастаи қурғонтеппагӣ: «Вахш» ва «Тоҷиктелеком» бо ҳисоби 2-1 ба нафъи «Вахш» анҷом ёфт.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Парвоз»

18

14

2

2

41-14

44

2.

«Хуҷанд»

17

13

2

2

24-7

41

3.

«Регар» ТадАЗ

16

12

2

2

50-14

38

4.

«Вахш»

17

11

2

4

28-15

35

5.

«Динамо»

16

7

4

5

25-20

25

6.

«Энергетик»

20

7

3

10

31-32

24

7.

«Тоҷиктелеком»

18

7

0

11

25-30

21

8.

«Саройкамар»

20

5

4

11

33-39

19

9.

CSKA «Помир»

19

5

0

14

12-39

15

10.

«Гвардия»

19

4

2

13

19-43

14

11.

«Равшан»

20

4

1

15

19-51

13

XS
SM
MD
LG