Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайванди рӯй: Симои шумо дар чеҳраи дигаре?


Транстлантатсия ва ё пайванди рӯй, ки имрӯз чун қиссаи хаёлӣ садо медиҳад, эҳтимол дар чанд соли оянда ба як амали содаи ҷарроҳӣ табдил ёбад.

Гурӯҳҳои таҳқиқотие, ки пайванди баъзе бахшҳои рӯйро озмоиш кардаанд, мегӯянд, усули мавриди истифодаи онҳо таъсири мусбат дошт, вале ба ҳар ҳол кор пур печу тоб буда, идомаи таҳқиқот зарур аст.

Дар шумораи ахири маҷаллаи британиявии "Lancet" доктор Лоран Лантиерӣ, ҷарроҳи пластикии шифохонаи Анрӣ Мондор - Алберт Шеневие навиштааст, ки шояд як рӯз пайванди рӯй ба мисли пайванди гурда ва ё ҷигар амали одии ҷарроҳӣ шавад. Чанде пеш Лантиерӣ симои як беморро, ки аз марази генетикӣ шакли худро гум карда буд, ба воситаи амали ҷарроҳӣ ва пайванди рӯи донор шифо бахшид. Ба қавли Лантиерӣ, амалиёт як сол пеш доир шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, табибони Чин ҳам дар бораи пайванди бахше аз симои як бемор иттилоъ доданд. Онҳо ду сол пеш амали ҷарроҳиро гузаронида будаанд.

Соли 2007-ум Лантиерӣ ва ҳамкоронаш як марди 29-соларо табобат карданд. Симои ӯ ба ҳадде варам карда буд, ки ӯ бештар ба аждаҳор монанд шуда буд. Табибон бахши поёни рӯи ӯро ба рӯи донор иваз карданд. Баъди шаш моҳ бемор бо рӯи пайвастшуда хандидану чашмак заданро аз худ кард.

Ҷарроҳони Чин симои шахсеро муолиҷа карданд, ки мавриди ҳамлаи хирс қарор гирифта буд. Дар ҷараёни амалиёти пластикӣ табибон лаби боло, бинӣ ва лунҷи донорро ба симои бемор пайванд намуданд. Баъди шаш моҳ ин шахс хӯрдан, нӯшидан ва сӯҳбати маъмулиро барқарор карда, ба зодгоҳаш вилояти Юнан баргаштааст.

Дар ҳар ду ҳодиса аснои муолиҷа чанд дафъа ҷисми бемор узви пайвандшавандаро рад кардааст, вале табибон аз роҳи тақдими давоҳои хос ҷисми беморонро ба қабули узв водор намудаанд. Ҳамин тариқ, бемори фаронсавӣ ҳар рӯз бояд се дона даво истеъмол намояд.

Доктор Лантиерӣ мегӯяд, беморони қанд ва ё диабет, аз ин бештар ба даво эҳтиёҷ доранд.

Дар ин баҳс як табиби мустақил аз Амрико доктор Боҳдан Помаҳас аз шифохонаи Бригаҳами Бостон ҳамроҳ шудааст. Ӯ мегӯяд, истеъмоли дарозмуддати давоҳои таҳкимбахшандаи пайванд хатари авҷи бемории саратонро бештар мекунад, вале агар бо мурури замон миқдори даво коҳиш ёбад, ба фикри ҷарроҳ Помаҳас низ рӯзе табдили рӯй ба монанди табдили гурда ва ё ҷигар одӣ мешавад.

Бар иловаи ду қазияи ёдшуда, дар Фаронса чанд сол пеш баъди ҳамлаи саги гиранда симои як занро комилан иваз карда буданд. Доктор Помаҳас ёдовар мешавад, ки вақте дар мамолики ғарбӣ имкони пайванди гурдаву ҷигар аз нуқтаи назари тиббӣ ҳалли худро пайдо кард, солҳои зиёд лозим буданд, ки мардум аз лиҳози фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва динӣ ба он омода шаванд.

Эҳтимол дар оянда мардуми зиёд довталаби табдили рӯй шаванд, вале оё мову шумо ҳозир хоҳем буд, ки рӯямонро ба касе тақдим кунем ва ё мо иҷозат хоҳем дод, ки симои хешовандонамон ба касе пайванд шавад. Табиби олмонӣ Патрик Варнке аз Донишгоҳи Киел мегӯяд, ки ҷарроҳон бояд имкони парвариши бофтаи лозима аз ҳисоби дигар аъзои бадани худи инсони ниёзмандро пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG