Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуҷайраи асл аз дандони ақл


Донишмандони Ҷопон изҳор намудаанд, ки онҳо имкони гирифтани ҳуҷайраи асл аз дандони ақли инсонро кашф намудаанд.

Ин як роҳи иловагии омӯзиши бемориҳо бидуни истифода аз ҷанини инсон аст, ки боиси муноқишаҳои ахлоқӣ гардидааст.

Пажӯҳишгоҳи миллии илму фанновариҳои саноатии Ҷопон иброз доштааст, ҳуҷайраи асл, ки аз ҷанини инсон ҳеҷ камбудӣ надорад, аз дандони ақли як духтари даҳсола берун кашида шудааст.

Раҳбари гурӯҳи пажӯҳишгарон Ҳаҷиме Огушӣ гуфтааст, ки ҳуҷайра аз дандоне гирифта шудааст, ки се сол инҷониб дар яхдон буд. Яъне, акнун донишмандон як бойгонии бузурги ҳуҷайраи асл дар ихтиёр доранд.

Чанде пеш донишмандони амрикоиву ҷопонӣ иттилоъ дода буданд, ки имкони ихроҷи ҳуҷайраи асл ё худ эмбрион аз рӯсти инсонро кашф намудаанд. Ин амалро Попи Рим ва президенти ИМА Ҷорҷ Буш хуш пазироӣ намуданд. Таҳқиқи ҳуҷайраи асл дар муолиҷаи бемориҳои шабеҳи саратон ва диабет ё хул касали қанд ёрӣ расонида метавонад.

XS
SM
MD
LG