Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамриноти муштараки марзбонони ИДМ дар Қирғизистон


Дар канори дарёи Иссиқкӯли Қирғизистон натиҷаҳои тамринҳои муштараки низомии марзбонони кишварҳои узви ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки ин тамринҳо дар ду марҳала таҳти унвони «Дӯстӣ-2008» раҳандозӣ шуд. Аммо мулоқоти раҳбарони хадамоти марзбонӣ дар Иссиқкӯл пушти дарҳои баста ва бидуни иштироки хабарнигорон сурат гирифт.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон, ки баъди ин нишаст натиҷаҳои тамринҳоро эълон карданд, иброз доштанд, ки ҳадаф аз баргузории он ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои террористӣ ва тундрави исломӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва маводи нашъаовар аз Афғонистон ба қаламрави Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд мебошад. Генарал Замир Мулдошев, раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ки марҳалаи аввали ин тамринҳо аз 5 то 9 августи соли равон дар ҷануби кишвараш, дар минтақаҳои марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон ва Қирғизистон бо Ӯзбакистон баргузор шуд. Вай гуфт, аммо марҳалаи дуввуми ин тамринҳо аз 10 то 14 август дар қисмати шимоли кишвараш, дар минтақаҳои марзии Қирғизистон бо Қазоқистон ба вуқӯъ пайваст.

Ба гуфтаи генерал Мулдошев, ин тамринҳои муштарак тибқи мувофиқатномае сурат гирифт, ки мақомоти раҳбарии хадамоти марзбононии Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон, Русия ва Қирғизистон моҳи сентябри соли 2007 дар Остона имзо кардаанд. Мавсуф афзуд, ки чунин тамринҳои низомӣ бори севвум аст, ки раҳандозӣ мешавад.

Ба гуфтаи Замир Мулдошев, раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар натиҷаи амалиёти муштарак, ки таҳти унвони «Дӯстӣ-2008» гузашт, 154 ҳодисаи марзшиканӣ ба қайд гирифта шуд, 80 мил силоҳи оташфишон ва дасти кам ду тонна маводи мухаддир мусодира гардид. Вай афзуд, ки ҳамчунин 88 муҳоҷирати ғайриқонунӣ ошкор гардид. Ба таъкиди Замир Мулдошев, соли 2009 фармондеҳии тамринҳои навбатии низомиро боз Қирғизистон бар дӯш хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG