Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми гурӯҳи ҷиноӣ эълон шуд


Додгоҳи низомии Душанбе аъзои як гурӯҳи муташаккили ҷиноиро ба ҷурми қочоқи мухаддирот ба муддатҳои гуногун ба маҳбас фиристод.

Ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бо раҳбарии қумондони мустаъфӣ Анвар Шоимардонов, 400 килограм маводи мухаддирро аз Афғонистон ба воситаи Тоҷикистон ба Ӯзбакистон интиқол медодаанд.

Ба қавли Маҳмадалӣ Юсуфов, сухангӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон, бештари аъзои ин гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ афроди низомӣ буданд, аз ҷумла, се нафар маъмури марзбонӣ ва ду тан дорои рутбаи низомии сарҳанги дувум. Бархе аз онҳо то замони боздошт шудан дар мақомоти интизомию қудратии Тоҷикистон фаъолият мекарданд.

Кормандони мақомоти зидахли Тоҷикистон ин гурӯҳи ҳаштнафараи ҷиноиро дар авохири моҳи январи соли 2008 ҳангоми интиқоли беш аз 345 кило афюн, беш аз 72 кило ҳероин ва ҳудуди 20 кило ҳашиш ба қаламрави Узбакистон дар шаҳри Турсунзода, ғарби Тоҷикистон, боздошт карданд.

Ба қавли оқои Юсуфов, Додгоҳи низоми Душанбе қумондони мустаъфӣ Анвар Шоимардонови 47-соларо, ки бознишаста будааст, ба 19 соли зиндон бо мусодираи амвол, мамнӯъият аз ишғоли мансабҳои раҳбарӣ барои панҷ сол ва нигаҳдорӣ дар ҳабси низомаш сангин махкум кард. Додгоҳ ҳамчунин рутбаи низомии қумондониро аз вай салб кард.

Додгоҳи низомии Душанбе Файзулло Ҳалимовро, ки зимни боздошт раиси раёсати ситоди қисми низомии 2720-и нерҳҳои марзбонӣ дар ноҳияи Шаҳритус будааст, ба 18 соли зиндон дар низоми сангин, мусодираи амвол, мамнуъият аз касби мансабҳои раҳбарӣ барои панҷ сол ва салби рутбаи «сарҳанги дувум» маҳкум кард,

Ба ҳамин тартиб, Додгохи низомии Душанбе ронандаи қисми низомӣ Абдуҷаббор Маҳмадаминов, хизматчии ҳарбӣ Амриддин Қирғизов, узви гурӯҳ Парвиз Тошевро ба муддати 15,5 сол ва аъзои дигари гурӯҳ Зокирҷон Тӯраев, Исматулло Ортиқов ва Иззатулло Аллаевро бо мусодираи молу мулкашон ба муддати 16 сол аз озодӣ маҳрум сохт.

XS
SM
MD
LG