Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харидорони уран бештар мешаванд


Дар шаҳри Осло - пойтахти Норвегия Кунгураи байнулмилалии геологҳо идома дорад, ки дар он намояндагони бештар аз 100 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат доранд.

Мавзӯъҳои мухталифи илмӣ, аз ҷумла боқӣ мондани захираҳои табиӣ барои инсоният ва дигар масоили муҳими ҳифзи табиату ояндаи инсоният дар ин ҳамоиши байналмилалӣ баррасӣ мешавад. Яке аз мавзӯъҳои аҷиб ва мубраме, ки дар конгресс баррасӣ шуд, захираҳои ураниум дар ҷаҳон буд ва талаботи афзоянда ба нерӯи барқи атомиву реакторҳо. Тавре медонем, ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, то олимони кишвар захираҳои воқеъии ураниумро мушаххас кунанд ва зоҳиран ин дастур бо назардошти он аст, ки ураниум ба тадриҷ ба яке аз молҳои серхаридор дар бозори ҷаҳонӣ табдил меёбад.

Ҷеммӣ Маклентайер аз ширкати амрикоии «Камеко», ки бузургтарин фурушандаи ураниум дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, зимни суханронӣ дар нишаст сабабҳои афзоиши талаботи ҷаҳонӣ ба ураниумро чунин шарҳ дод.

«Имрӯз дар саноати нерӯи барқи атомии ҷаҳон 439 реактори атомӣ дар 30 кишвари дунё фаъолият мекунанд. Дар соли 2008 – ум ин реакторҳо бештар аз 82 ҳазор тонна ураниум тақозо мекарданд. Бо назардошти тарафдорӣ аз истифодаи бештари нерӯи барқи атомӣ, ки ба тақозо ба ураниум таъсир мерасонад, ба тахмини мо шумораи реакторҳо то соли 2017 - 83 адади дигар меафзояд. Ва ба ибораи дигар, тақозо ба ураниум то соли 2017 солона аз 102 ҳазор тонна ҳам бештар хоҳад буд. Ҳамин гуна, талабот ба ураниум солона дуву аз даҳ чаҳор дар меафзояд. Ба бовари мо, ҳамин гуна хоҳад шуд ва ренессанс ё эҳёи саноати нерӯи барқи атомӣ моро дарёб кардааст. Бештар аз 30 кишвар ҳоло масъалаи рӯи даст гирифтани барномаҳои тавлиди нерӯи барқи атомиро баррасӣ мекунанд ва аз ҷумла кишварҳои аз назари иқтисодӣ пешрафта ва ҳам кишварҳои дар ҳоли рушд».

Ураниум моддаи кимиёвиест, ки олудагиҳои он тақрибан дар тамоми ҷо вуҷуд дорад, шояд бовар накунед, ки ураниумро дар курраи замин 40 маротиба бештар аз нуқра ва 500 маротиба бештар аз тилло мушоҳида мешавад. Ҳатто дар қаъри уқёнус низ онро метавон ёфт, вале маъдани ғанӣ надорад. Ҷеммӣ Маклентайер аз ширкати «Камеко» мегӯяд, бо вуҷуди тақозои афзоянда ба ураниум камбуди он эҳсос намешавад, ва дар оянда тавлиди он танҳо аз ҳисоби як кишвари Осиёи Марказӣ ба маротиб хоҳад афзуд:

«Дар зарфи чаҳор соли гузашта аз соли 2004 то соли 2008- ум дар маҷмӯъ чаҳордаҳ маркази тавлиди ураниум мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ин марказҳо метавонанд тавлиди ураниумро то 22 ҳазор тонна афзоиш диҳанд, вале мо бояд мунтазир бошем ки ин миқдор ҳосил шавад. Аммо ба тахмини мо дар чанд соли дигар тавлиди ураниум то ба ин ҳад нахоҳад расид. Вале камбуди ураниум ҳам нест, онро метавон дар чанде аз кишварҳои ҷаҳон пайдо кард ва захираҳои аз ҳама бузурги ураниум дар Австралия ва Қазоқистон ҷойгир шудааст. Тамоюли нави афзоиши тавлиди ураниум дар ду даҳсолаи оянда барҷой хоҳад монд, аз ҷумла Қазоқистон истихроҷи чанд майдони нав дар солҳои наздикро пешбинӣ кардааст, ки тавлиди ураниум кишварро дар муқоиса ба ҳозира ду маротиба бештар хоҳад кард. Ҳоло Қазоқистон бештар аз шашуним ҳазор тонна ураниум тавлид мекунад ва он то ба 33 ҳазор тонна хоҳад расид».

XS
SM
MD
LG