Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Тоҷикистон бо ҳисоби калон


Тоҷикистон дар бозии ниҳоии Ҷоми чолиши Осиё’08 дар шаҳри Деҳлии Нав бо ҳисоби калони 1-4 аз Ҳиндустон шикаст хурд.

Баргирифташуда аз Футболи Точикистон

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, Пӯлод Қодиров пас аз бозӣ бо Ҳиндустон дар ниҳояти Ҷоми чолиши Осиё’08 ба конфронси матбуотӣ омад ва гуфт, тасмими иштибоҳи довар аз Узбакистон дар бохти Тоҷикистон бо ҳисоби калон нақши умда дошт.


Пӯлод Қодиров гуфт, чун пас аз голи аввали Ҳиндустон довари марзӣ аз Қатар Муҳаммад Ҷобир Дарман (лайнсмен) чӯби худро ба нишонаи ҳолати нобозӣ будан боло бардошт, Валентин Коваленко, довари марказӣ назди лайнсмен рафт, бо ӯ чӣ ҳарфе зад ва сипас лайнсмен низ тағйири ақида намуд ва голро сарфи назар аз норизоиятии бозигарон ва мураббиёни тоҷик ҳисоб карданд.

Пӯлод Қодиров гуфт, ин амал равони бозигарони тоҷикро, ки аксаран ҷавонанд, шикаст ва то замоне, ки онҳо ба худ омаданд, тӯб ду бори дигар тӯри дарвозаашонро дид.

Хайъати Точикистон: Алишер Туйчиев, Далер Тухтасунов, Наим Носиров (Самад Шохзухуров 62), Даврон Эргашев, Анвар Норкулов (капитан), Нуъмон Хакимов (Чахонгир Чалилов 75), Эрач Рачабов, Сохиб Саванкулов (корти зард), Фатхулло Фатхуллоев (гол ва корти зард), Чоми Мухиддинов, Юсуф Рабиев.

Такдири ин бози замоне хал шуд, ки хануз пойи на хама бозигарон ба туб расида буд. Аллакай дар дакикаи нухум хамлаи нахустини Хиндустон ба суйи дарвозаи Точикистон сурат гирифт, Стивен Диас аз чониби рост суйи Точикистон давид, тубро ба Прадип хаво дод, Прадип бо сар зарба зад, онро Алишер Туйчиев баргардонид, Сунил Чхетри бо зарбаи такрори тубро вориди дарвоза намуд. Довари марзи бо аломати он ки ду бозигари хинди дар холати нобози буданд, чуби худро боло бардошт, аммо довари маркази, Валентин Коваленко аз Узбакистон ду-се чумла бо лайнсмен радду бадал кард ва голро хисоб намуд.

Бозигарон ва мураббиени мунтахаби Точикистон харчанд шадидан норохат ва хашмгин буданду аз тасмми довар норизоияти мекарданд, аммо навиштаи табло 1-0 ба нафъи Хиндустон дигар шуд.

Хануз хам бозигарони точик торхои асаби худро ба хам наоварда буданд, ки хисоб дар табло боз дигар шуд. Самир Наик ин навбат аз чониби чап ба хучум гузашт, тубро ба Байчунг Бхутия хаво дод, Бхутия, харчанд дар ихотаи се химоятгари Точикистон буд, зарбаи дакик ва сахт зад ва хисоб 2-0 шуд. Дакикаи 19-уми бози мерафт.

Хануз шодии мухлисони хинди аз голи дуввум хомуш нашуда, ки Сунил Чхетри бо зеботарин зарбае хисобро дар дакикаи 23-ум се бар сифр кард.

Огози ингунаии бози ба оташи газаби футболбозони точик равган рехт ва онхо аз хатти дифоъи худ фаромуш карда, ба хучум гузаштанд. Саванкулову Носиров ва Фатхуллоев бо зарбахои худ талош карданд, ки чизеро дигар намоянд. Талошхои бозигарони точик, ки ба охистаги ба ибораи Дориюши Рачабиен, шорехи ин бози дар «Футболи Точикистон», «аз чанголи хашму асаб берун меомаданд», як дакика кабл аз анчоми кисми аввал кор дод. Фатхулло Фатхуллоев аз дурии такрибан 20 метр зарбаи мухкам ва оличанобе ба гушаи канории дарвозаи Хиндустон зад. Ин зарбаро, ки Лев Яшин хам баргардонида наметавонист, кучо Субрата Пал.

Бозигарон ба танаффус бо хисоби 1-3 баромаданд ва хануз хам дар дили даххо мухлиси мунтахаби Точикистон шуълаи умед мунаввар буд, ки дар 45 дакикаи дигар бозигарони точик ба худ меоянд ва бозиро тагйир медиханд.

Вале мутаассифона дар кисми дуввум танхо коре, ки бозигарони точик ба он кодир шуданд, як голи дигар хурдан аз Сунил Чхетри буду халос. Дар дакикаи 75-ум Сунил Чхетри голи саввуми худро ба хадаф расонид ва ба суоли он ки соли 2011 ки ба Катар меравад, посухи катъи дод.

XS
SM
MD
LG