Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми даъвати AFC: бозии ниҳоӣ - 13-уми август


Бозии ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё байни дастаи мизбон - Ҳиндустон ва тими миллии Тоҷикистон ба иллати вазъи бади майдони бозӣ дарварзишгоҳи шаҳри Ҳайдаробод ба 13-уми август мавқуф гузошта шуд.

Бар асоси тасмими Конфедеросиюни футболи Осиё ин бозии ҳалкунанда бегоҳи 13-уми август дар варзишгоҳи «Амбедкар»-и шаҳри Деҳлӣ баргузор хоҳад шуд.
Пеш аз бозии ниҳоӣ дастаҳои Мянмар ва Куриёи шимолӣ барои ҷои севум талош хоҳанд кард.
Барандаи Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё-2008 ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегирад.
XS
SM
MD
LG