Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарси тоҷикону қирғизҳо аз зимистони оянда


Бо вуҷуди он ки ҳанӯз нимаи тобистон аст, мақомоти давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон аз ҳоло ба зимистони оянда назари манфию нохуш доранд.

Сатҳи об дар обанборҳо ба таври фоҷиаомез поин боқӣ мемонад ва ин ҳол имконияти тавлди нерӯи барқро барои ин кишварҳо ҷиддан коҳиш медиҳад. Аз ҳоло садоҳо баланд мешавад, ки ҳарчи зудтар режими сарфа ва истифодаи маҳдуди нерӯи барқ ҷорӣ гардад.

Об дар ҳама ҷо кам шуда истодааст, ҳатто дар обанбори Нораки Тоҷикистон низ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳарду кишвар -- Тоҷикистон ва Қирғизистон аз манобеъи асосии захираҳои оби минтақа ба шумор мераванд ва дар пайванд бо вазъи имрӯза ҳадафи интиқоди ҳамсоягони худ шудаанд.

Вале оё омодагии онҳо ба зимистон чӣ гуна аст ва муқоисаи вазъият дар Тоҷикистон бо Қирғизистон чиро нишон медиҳад?

Ду кишвари ҳамсоя ва ба ҳадди зиёд ҳамсарнавишти Тоҷикистону Қирғизистон тақрбан ҳамзамон хабар доданд, ки ба сабаби камобӣ ва тавлиди нокофии энержӣ зимистони сахте дар пеши рӯ доранд.

Рӯзи 24-уми июл раисиҷумҳури Қирғизистон, Қурманбек Боқиев, дар ҷаласаи аъзои ҳукуматаш гуфт, бояд истифода аз нерӯи барқро маҳдуд кард.

Рӯзи 29-уми июл, яъне панҷ рӯз баъдаш, ноиби раиси ширкати "Барқи тоҷик"-и Тоҷикистон, Уғулой Хоҷаева, гуфт, ин ширкат аз ҳукумати кишвар хостааст, реҷаи интиқоли бонавбати барқ аз моҳи август шурӯъ шавад. Ин дар ҳоле буд, ки ҳар сол маҳдудияти истифода аз барқ охири тирамоҳ сар мешуд ва имсол ибтидо нийят доштанд, реҷабандиро аз 10-уми сентябр оғоз кунанд. Хонуми Хоҷаева афзуд, сатҳи об имкон дорад, то 16 метр аз дараҷаи зарурӣ поинтар афтад.

Ду рӯз пас аз ин изҳорот, вазири саноати Қирғизистон, Сафарбек Балкибеков гуфт, кишвараш дар остонаи як бӯҳрони энержӣ қарор дорад, зеро захираи об дар обанбори Тухтагул аз сатҳи соли гузашта 15 дарсад камтар аст. Президент Боқиев сатҳи оби Тухтагулро муҳимтарин масъалаи давлатӣ номид ва гуфт, агар бо сабаби камии об нерӯгоҳҳо аз кор биафтанд, ҳоҷат ба сухане аз гарм кардани манозил, тавлид дар корхонаҳои саноатӣ ва фаъолияти муассисаҳо нахоҳад буд.

Боқиев рӯзҳои истироҳат барои мансабдорони давлатро лағв кард ва талаб намуд, дар масъалаи таъмини гармӣ ва тавлиди энержӣ ба ангиштсанг ва нафт тамаркуз дода шавад. Вай ҳамчунин дастур дод, интиқоли барқ ба бӯстонсароҳои хусусӣ, соуна ва ҳаммомҳои ҷамъиятӣ қатъ шуда, таътили мактабҳо бештар гардад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҷаласаи аъзои ҳукуматаш омодагии ниҳодҳои зербиноии Тоҷикистон ба фасли зимистонро шадидан танқид кард ва ба масъулон мӯҳлат дод, то ин омодагиро тақвият диҳанд.

Ин талошҳо дар ду кишвар ба коҳиш таъсири бӯҳрон нигаронида шудаанд, аммо гумон аст, битавонанд, аз он ҷилавгирӣ кунанд. Бар замми ин ҳолати пешазбӯҳронӣ сабаби норозигии кишварҳои ҳамсоя гаштааст. Узбакистон ва Қазоқистон ахиран Қирғизистону Тоҷикистонро айбдор карданд, ки ҳамчун кишварҳои болооб ба хотири ҳалли мушкилоти дохилии хеш ба интиқоли озодонаи об дар минтақа мумониат мекунанд.

Намояндаи давлати Тоҷикистон ин иттиҳомро рад кард ва ахиран ноиби вазири эенержии Қирғизистон, Оқилбек Тумонбоев гуфт: "Алҳол обанбори Тухтагул 9 миллиону 270 ҳазор метри мукааб об дорад ва ҳама медонанд, ки об дар ҳама ҷо кам шуда истодааст, ҳатто дар обанбори Нораки Тоҷикистон низ. Мушкил дар ҳама ҷо паҳн шудааст ва об дар ҳавзаи рӯдхонаҳои Сирдарёву Амударё аз соли гузашта боз идома дорад."

Мушкил аз лиҳоз печидатар мешавад, ки дар нишасти ахири худ намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ натавонистанд, ҳалли ягонае пайдо кунанд. Узбакистон, ки ба Тоҷикистону Қирғизистон гази табиӣ мефурӯшад, пойфишорӣ кард, ки об дар минтақа ба ҳама тааллуқ дорад ва наметавонад, мавриди тиҷорат қарор гирифта, харида ё фурӯхта шавад.

Дар шароити камбуди хӯрокворӣ, ки аз камбуди об ва ҳамлаи малах ва афзоиши нархҳо маншаъ гирифтааст, камбуди нерӯи барқ аҳолии минтақаро дар рӯбарӯи интихоби сахте қарор медиҳад. Ҳифзи об ба хотири тавлиди энержӣ сабаби камбуди об ва коҳитши озуқа мешавад, аммо сар додани об ба кишварҳои ҳамсоя сабаби камбуди нерӯи барқ дар ду кишвари болооб.

Дар натиҷа Тоҷикистон ва Қирғизистон ин зимистон низ метавонанд ба бӯҳрони шабеҳи соли гузашта мувоҷеҳ шаванд. Интихоб чунин аст, ки ё бихӯреду дар сармо ба сар баред ва ё гурусна бошеду гарм.

XS
SM
MD
LG