Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон боз поин рафт


Мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги июлии ФИФА ду мақоми дигар аз даст дода, ба ҷойи 156-ум фаромад.

Ҷойи Тоҷикистонро дар ин рейтинг Малдив ва Самоа танг кардаанд.

Аз миёни мунтахабҳои маҳдудаи собиқ Шӯравӣ Тоҷикистон болотар аз танҳо Туркманистон мебошад.

Рақиби дирӯзаи чолишии Тоҷикистон дар ҷойи 159-ум қарор гирифтааст.

Рақиби имрӯзаи чолишии Тоҷикистон - мунтахаби Кореяи Шимолӣ на боло ва на поин ҷунбида, ҳамоно дар мақоми 94-ум мебошад.

Аз ҷуфти дигари бозиҳои нимниҳоии Ҷоми чолиш Ҳиндустон дар ҷойи 153-ум ва Мянмар дар ҷойи 157-ум ҷойгир шудаанд.

Беҳтарини собиқ Шӯравӣ ҳамоно Русия мебошад, ки ин навбат барои нахустин бор дар 11 соли ахир ба даҳаи беҳтарин ворид шудааст.

Дар ҷойи аввал ҳамоно Испания мебошад, Олмон Италияро танг карда, ба ҷойи дуюм баромадааст.

Мунтахаби Бразилия ба ҷойи шашум фаромадааст. Ҳамватанони Пеле дар 15 соли ахир боре ҳам ба ин андоза поин нафаромада буданд.

Дар Осиё беҳтаринҳо ҳамоно Ҷопон, Австралия ва Эрон мебошанд.

Рейтинги ФИФА аз таносӯби натоиҷ ва шумори бозиҳои ҳар мунтахаб дар чаҳор соли ахир тартиб дода мешавад.
XS
SM
MD
LG