Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми даъвати AFC: ½ финал, Тоҷикистон – Куриёи шимолӣ


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё 7-уми август бо тими Куриёи шимолӣ рақобат хоҳад кард.

Ҳайъати ҷавонони Куриёи шимолӣ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон дар даври севум бар тими Мянмар бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид. Голро ҳимоятгар Ро Хак Су ба самар расонд. Бозии охирини ин гурӯҳ байни дастаҳои Непал ва Шри-Ланка бо ҳисоби 3:0 бо ғалабаи непалиҳо хотима ёфт.
Бад-ин тартиб, дар гурӯҳи «В» Куриёи шимолӣ бо 9 имтиёз дар ҷои аввал ва Мянмар бо 6 имтиёз дар ҷои дувум қарор гирифта, ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар бозии дигари ниманиҳоӣ 7-уми август тими Мянмар ва ғолиби гурӯҳи «А» дастаи мизбон Ҳиндустон рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Бозии ниҳоӣ 10-уми август баргузор мешавад. Барандаи Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё-2008 ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат хоҳад гирифт.
Лозим ба тазаккур аст, Юсуф Рабиев, бозигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бозиҳои интихобӣ ва даври ниҳоии Ҷоми даъвати AFC ба дарвозаи рақибонаш маҷмӯъан 7 гол задааст, алъон дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал мебошад.
XS
SM
MD
LG