Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойгоҳи Солженитсин дар ҷомеъаи Тоҷикистон


Нақши Солженитсин дар эҳёи худогоҳӣ ва рӯи кор омадани наҳзатҳои озодихоҳӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ хеле назаррас буд
Нақши Солженитсин дар эҳёи худогоҳӣ ва рӯи кор омадани наҳзатҳои озодихоҳӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ хеле назаррас буд

Агарчанд аз осори адиби маъруфи рус Александр Солженитсин ба забони тоҷикӣ тарҷумае сурат нагирифтааст, аммо вай аз маъруфияти хоссе дар Тоҷикистон бархурдор аст.

Абдулҳамиди Самад, нависанда ва муъовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, мегӯяд, номи Солженитсин баъд аз нашри нахустин қиссаи ӯ - “Як рӯзи Иван Денисевич” барои хонандаи тоҷик ошно шуд ва ҳамеша осори ӯ дар Тоҷикистон хонанда доштааст. Ба гуфтаи оғои Самад, таъсири эҷодиёт ва кори Солженитсин дар фаъолият ва эҷодиёти бархе аз адибони тоҷик қобили эҳсос аст.

Аммо аз назари дигар Солженитсин бештар ба унвони як шахсияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ маъруф буд. Ойинниҳол Бобоназарова, аз чеҳраҳои саршиноси иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, мегӯяд, шахсияти Солжнитсин барои ҷомеъаи демократӣ мисли як пойдевор зарур буд. Ба назари хонум Бобоназарова, нақши Солженитсин дар эҳёи худогоҳӣ ва рӯи кор омадани наҳзатҳои озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ низ қобили эҳсос аст.

Ин нукта низ гуфтанист, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта шахсияти Солженитсин тавассути як баёнияи ӯ, ки гуфта буд, Осиёи Марказӣ мисли зершиками овезон барои Русия аст ва агар аз он ҷудо нашавад, ба саратон табдил хоҳад шуд, мавриди эътирозҳои мардумони минтақа қарор гирифта буд.


Аммо хонум Бобоназарова мегӯяд, акнун дарёфтем, ки он изҳороти нависанда дар ниҳоят ба нафъи мо ва фурӯпошии Шӯравӣ ва касби истиқлол кор кардааст.

XS
SM
MD
LG