Хабаргузории давлатии «Ховар» навиштааст, сохтани муҷассамаи Одамушуаро ба муносибати ҷашни 1150-солагияш аз ҷониби ҳукумати шаҳри Душанбе дар Маскав фармоиш шуда буд.
Муҷассамаи Рӯдакиро ҳайкалтароши рус Александр Рукавишников сохтааст. Муҷассама биринҷӣ буда, баландиаш 7 метр аст.
Муҷассамаи шоир рӯзҳои наздик дар Боғи устод Рӯдакӣ гузошта хоҳад шуд.