Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бораи нақши як "радиои хориҷӣ"


Суоле ба президенти Руминия, Траян Басеску.
Суоле ба президенти Руминия, Траян Басеску.

Номаи падрудии шунавандаи барномаҳои руминии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Владимир Тисманину, собиқ шореҳи беруни ин радио ва ҳоло устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Мериленди Амрико назари шахсии ӯст, ки на ҳатман бозтоби мавқеъи Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ мебошад. Тисманину аз соли 2006 раиси Кумисюни президентии таҳлили диктотурии коммунистӣ дар Руминия мебошад.

Normal 0

"Боварнакарданист, ки барномаи руминии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ аз якуми август човидона хомӯш мешавад.

Ман бо шунидани он ба воя расидаам. Ман аз он фаҳм, фаросот ва ақл андӯхтаам. Ва озод андешидану озод буданро низ.

Дар Бухорест, ки дурӯғи расмӣ ҳама ҷоро фаро гирифта буд ва рӯзномаҳо саршор аз мадҳу санои раҳбарону пирӯзии шиорҳои ленинизм буд, ин радио рӯзномаи шифоҳии ҳамаи руминиҳо ба шумор мерафт.

Гӯш кардани барномаҳои он хатарнок ва мушкил буд, вале мардум монанди ташнагон лаб ба ин сарчашма мегузоштанд ва бар пояи маълумоти нодири он донише меандӯхтанд, ки ба фаҳм ва шинохти ҷомеа ва ҳаёти худашон мусоидат мекард. Гумон намекунам, ки бе ин радио руминиҳо метавонистанд, системаеро, ки дар он ба сар мебурданд, дарк кунанд.

Мо рӯзона аз раҳбарони кишвари хеш ва расонаҳои давлатӣ афсонаҳои муваффақияту пешрафтро мешунидем ва шабона ин гуфтаҳоро бо хабару таҳлилҳои ботавозуни Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ муқоиса мекардем. Ман ба садои Нуэл Бернар, раиси бахши руминӣ одат карда будам ва биниши амиқу лаҳни боҳушонааш ба ман таъсири азим дошт. Рағбат ба масъалаҳои фалсафӣ ва фарҳангӣ на танҳо ман, балки садҳо нафар аз намояндагони насли маро ошиқи барномаҳои беандоза таъсирбахши Моника Ловинеску ва Вирҷил Йерунка карда буд. Агар насли мо дар идроки сиёсат ва зебошиносии муосир чизе ба даст овардааст, ба шарофати барномаҳои онҳост.

Дар даврае ки ҷомеа фикр мекард, низоми коммунистӣ устувор ва бебозгашт аст, нашри ақоиди Раймон Арон, Алан Бесносн. Ҷин Ҳерш, Борис Суварин ва Ҷулия Миннерот маънии тоталитаризм ва роҳҳои рӯёрӯӣ бо аждари сурхро нишон медод. Ҳамчунин аввалин бор номи афроде ба монанди Ҳанна Арендт, Ҷорҷ Оруэл, Александер Солженицин, Чеслав Милош, Артур Костлер, Надежда Манделштам ва дигаронро мо аз ин радио шунида будем.

Ин ҳам муҳим буд, ки радио аз ҳамаи дигарандешон ва фаъолони мухолиф ҳимоят мекард ва минбаре буд дар муқобили таблиғоти густардаи режими худкома.

Дар ин тазод Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ ниқобро аз рӯи мансабдорон ва андешпардозони он бармеканд, арзишҳои аслии миллӣ ва фарҳангии руминҳоро дар муқобиили арзишҳои сохтаву дурӯғин қарор медод.

Барои чунин ҳукуматҳо ҳақиқат душмани асосист. Вақте ҳақиқат садо медиҳад ва асли ҳодиса ё равандҳо ошкор мегардад, мардум роҳурӯи ҷомеа ва кишвари худ, савобу гуноҳ, хидмату хиёнатро рушантар хоҳанд дид. Ба ин сабаб режим журналистону муҳаррирони фаъолро ҳадаф қарор медод. Яке аз онҳо, Моника Ловинеску кам монда буд, дар сӯиқасде кушта шавад. Ҷоэл Бернар ва Эмил Георгиеску борҳо ҳадафи ҳамлаи ҷинояткорона, вале тарҳрезишуда дар хадамоти махфии Руминия қарор гирифтанд. Чунин ҳамлаҳо ба Корнел Шириак, Сербан Ореску, Макс Бенуш ва дигарон низ рӯй дод.

Ба дунболи заминларзаи соли 1977 дар Руминия, Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ бар пояи иттилоъи дуруст ва ростин ба эҷоди як ҳисси ҳамраъйии руминҳо даст ёфт. Дар соли 1968, ҳангоми маҳви Баҳори Прог дар Чехословакия, руминҳоро ба ҷустуҷӯи сотсиализми демократӣ ҳидоят намуд ва баъд аз соли 1985, шурӯъи бозсозӣ дар Шӯравӣ, андешаҳои ислоҳотхоҳӣ ва барканории режими диктатории Чаушескуро афзоиш дод.

Дар рӯзҳои инқилоби соли 1989 ин радио барои руминҳо манбаъи асосии умед ва эътимод бар нафс буда, дар пешопеши акфори иҷтимоӣ арзишҳои демократӣ, сабру таҳаммулпазирӣ, муколамаву мудоро ва тозагии ахлоқро ёдовар шуд. Он ба эҳёи коммунизм мухолиф буд ва Ион Илийескуву сулолаи ӯро барои кажроҳагӣ ва ҷилавгирӣ аз демократияи ҳақиқӣ интиқод мекард.

Барои зиёиёни демократии Руминия Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ рамзи арзишҳоест, ки онҳо ба ҷон мехаранд. Дар як ибора ин арзишҳоро Ватслав Ҳавел гуфтааст. Зистане бо ҳақиқат."

XS
SM
MD
LG