Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти президент бо варзишгарон


Субҳи имрӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон варзишгарони тоҷикро, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин ширкат хоҳанд кард, ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат зикр гардид, ки 14 варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байнулмилалӣ изҳори хушнудӣ карда, онҳоро ба такмили бештари маҳорату малакаи касбии худ ва баланд бардоштани шарафи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳидоят намуд.

Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон парчами давлатии Тоҷикистонро ба варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров супурд, ки ӯ рӯзи 8-уми август дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар варзишгоҳи «Лонаи парранда»-и шаҳри Пекин парчамбардори ҳайати вакилони варзишии Тоҷикистон хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии Пекин -2008 обрӯи Ватани худро боло бардошта, бо медалҳои олимпӣ бармегарданд. Ӯ афзуд, варзишгароне, ки соҳиби медалҳои олимпӣ мешаванд, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо ҷоизаҳои олӣ мукофотонида хоҳанд шуд.

Раисиҷумҳур иброз дошт, ки як рӯз қабл аз оғози маросими ифтитоҳи Бозиҳо дар деҳкадаи Олимпии Пекин бо варзишгарону мураббиёни тоҷик мулоқот хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG