Ҳикматулло Исматов, раиси ҷамоъати Моҳиёни ноҳияи Панҷакент, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, марзбонони узбак бо баҳонаи он, ки аспҳои онҳо вориди марзи Тоҷикистон шудаанд, дар масофаи ду километр дур аз хати марз ба деҳаи Роғич даромада, шаш сар гови сокинони ин деҳаро бо зурӣ ба ғорат бурдаанд. Ба таъйиди ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир гурӯҳи марзбонони Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон ин қазияро баррасӣ мекунанд.
Раиси ҷамоъати Моҳиёни ноҳияи Панҷакент гуфт, агарчи дар ин минтақаи марз аз ҷониби мақомоти Узбакистон минаҳо гузошта шудаанд, вале бо ин вуҷуд марзбонони узбак бо истифода аз нақша ва харитаҳои минахобонӣ тариқи марзшиканӣ ҳар сари чанд вақт вориди хоки Тоҷикистон мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ҳикматулло Исматов, чунин марзшикании сарҳадбонони Узбакистон ва ғорати чорвои сокинони Тоҷикистон барои нахустин бор набудааст.
Dodojon ku yagon problema nadora, baroi chi namerafta bosha??? Rahmon bosha dar xorija ba tars - ba tars megarda.....
Читайте его и не успокойте себя бредами . Самое четкое объяснение к сожаление
Все что вы писали это истина . Все четко и ясно все остальное это философия
Аз хонандагони ин мақола хоҳиш карда мешавад,ки баъдаз хондни ин вокуниши ман дар ҳаққи ман дуо кунед Аллоҳи маҳрубон ба манҳам фарзанд насиб кунад.
Ҳамаи и гапот нолай!!! Чунки миллата хор кад и авлоди нодида...