Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти соҳибкорон ду сол тафтиш намешавад


Бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои ду сол ҳар навъ тафтиши воҳидҳои тиҷорати хурду миёна таҳти мораторий қарор мегирад.

Тибқи ин дастур Эмомалӣ Раҳмон тафтиши молии соҳибкории хурду миёнаро барои ду сол мамнӯъ кардааст. Хабаргузории давлатии “Ховар” аз қавли дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ менависад, ҳадаф аз ин иқдом пуштибонӣ аз рушди тиҷорати хурду миёна ва таҳияи шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорист.

Аммо ин мораторий дар мавриди тафтишоте, ки дар чаҳорчӯби парвандаҳои бозшудаи ҷиноӣ анҷом дода мешаванд, амал нахоҳад кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳукумат хостааст, қонунгузории кишварро дар зарфи 3 моҳи оянда бо муқаррароти ин амри ахири худ мутобиқ созад.

XS
SM
MD
LG