Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон - мухолифи гузаштан ба ҳуруфи арабӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, эълом дошт, ки барои аз ҳуруфи сирилик ба ҳуруфи арабӣ гузаштан зарурате дар миён нест.

Зимни суханронӣ дар як нишаст ба шарафи Рӯзи забон, ки ҳамасола 22 июл таҷлил мешавад, ӯ гуфт, "қарнҳо гузаштагони мо, шоирону мутафаккирони бузурги мо ҳангоми эҷоди осори гаронмояашон аз ҳуруфи арабӣ истифода мекарданд".

Ва аммо, афзуд Эмомалӣ Раҳмон, "таърих гувоҳ аст, ки сирилик барои омӯзиш соддатар ва бештар дастрас аст". Сарвари Тоҷикистон гуфт, ки айни ҳол дар бахши илму фарҳанг мушкилҳо зиёданд ва дар ин вазъ даъватҳо барои гузаштан ба ҳуруфи арабиасос ноҷо ва бепояанд.
XS
SM
MD
LG