Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири маориф хатмкардагонро ба додгоҳ кашид


Вазорати маорифи Тоҷикистон дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани 4 ҳазор хатмкардаи донишгоҳҳои олӣ ба додгоҳи шаҳрӣ муроҷиъат кардааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, ин вазорат ба Додгоҳи олии Тоҷикистон аризаи даъвогӣ ворид кардааст, вале додгоҳи олӣ гуфтааст, ки тибқи қоида вазорати маориф бояд аввал ба додгоҳи шаҳрӣ муроҷиат кунад. Оқои Раҳмонов изҳор кард, ки ин 4 ҳазор нафар бо пули давлат таҳсил кардаанд ва бояд дар макотиби миёнаи Тоҷикистон муаллим мешудаанд.

Вай меаафзояд: «Мо алакай ба додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи нав навишта, ирсол кардем. Мо рӯйихати ҳамаи донишҷуёне, ки баъди хатми донишгоҳҳо намехоҳанд, дар соҳаи маориф кор кунанд, ба додгоҳ додем. Мо талаб мекунем, ки додгоҳ бар асоси аризаи мо падару модар ва хатмкардагонро даъват кунад, то мо ин масъаларо дар додгоҳ муҳокима кунем».

Ба қавли оқои Раҳмонов, дар ҳоле дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ҳудуди 7000 нафар муаллим намерасад, фориғутаҳсилини донишгоҳҳои омӯзгорӣ ба мактабҳои миёнаи кишвар ба кор нарафта, ба шуғлҳои дигар машғул шудаанд. Оқои Раҳмонов меафзояд, хатмкардагони донишгоҳҳо бояд, ё пули давлат барои таҳсили онҳо харҷкардаро баргардонанд ва ё, ба макотиби миёнаи Тоҷикистон ба кор биёянд.

Вазорати маориф бар он аст, ки тибқи қонун даъво мекунад. Зеро тибқи як низомномае, ки соли 2004 ин вазорат бо донишгоҳҳо тавофуқ кардааст, фориғуттаҳсилони донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки дипломи омӯзгориро дарёфт мекунанд, бояд дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ муаллим шаванд. Вазорати маориф бар асоси ин низомнома фориғутаҳсилони солҳои 2005-2007-ро ба додгоҳ мекашад.

Аммо Шӯҳрат Қудратов ҳуқуқшиноси мустақил мегӯяд, вазорати маорифи Тоҷикистон ҳақ надорад, муҳассилинро ба додгоҳ кашад. Ӯ мегуяд, дар ҳоле вазорати маориф бо муҳасилин ҳеч гуна шартнома набастааст, ки тибқи он, донишҷӯён бояд, ҳатман баъди хатми донишгоҳ ба макотиби таҳсилоти умумӣ ба кор бираванд, ба додгоҳ кашидани онҳо аз рӯи қонунгузории кишвар нест. Оқои Қудратов меафзояд, сарқонуни Тоҷикистон ба шаҳрвандон таҳсили ройгонро кафолат медиҳад ва ҳар нафар дар интихоби ҷои кор озод аст&

Коршиносон мегӯянд, ба додгоҳ кашидани собиқ муҳасилини донишгоҳҳо аз ҷониби Вазорати маорифи Тоҷикистон аз нодида гирифтани манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. Ба қавли коршиносон маоши ками омӯзгорӣ, ки барои рӯзгор нокифоя аст, фориғуттаҳсилинро водор ба он мекунад, ки баъди таҳсил ба омӯзгорӣ машғул нашуда, дар ҷустуҷӯи пул ба бозору муҳоҷират рафтаанд.

Як хатмкардаи донишгоҳи омӯзгорӣ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, мегӯяд, вазорати маориф дар додгоҳи иқтисодӣ муваффақ нахоҳад шуд. Вай мегуяд, иқдоми вазорати маорифро ҳуқуқи ҷавонон арзёбӣ кард.

Вазорати маорифи Тоҷикистон қасд дорад, ҳамакнун, қазияи хатмкардагони се соли ахири донишгоҳҳои омӯзгории кишварро, ки бо пули давлат таҳсил карда, ба муаллимӣ нарафтаанд, дар додгоҳи шаҳри Душанбе ҳал кунад.

XS
SM
MD
LG