Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояи додгоҳ аз Масъуд Собиров


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баҳси миёни ду раҳбари ҷиноҳҳои Ҳизби демократи Тоҷикистонро ба манфиати Масъуд Собиров ҳал кард.

Дар як ариза ба додгоҳ Масъуд Собиров иддао дошт, ки аз худро раиси ҳизб муаррифӣ кардани Саидҷафъар Исмонов ӯ зиёни маънавӣ кашидааст ва мехоҳад, ки додгоҳ аз Исмонов ҳамчун ҷуброни ин зиён 150 ҳазор сомонӣ бирӯёнад. Дар ариза омадааст, ки вазорати адлия фақат ӯ, Масъуд Собировро расман чун раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст.

Имрӯз додраси ноҳияи Шоҳмансур Абдулло Раҳматов ҳукми додгоҳро эълон кард, ки тибқи он Саидҷафъар Исмонов бояд ба Масъуд Собиров барои зиёни маънавӣ 100 сомонӣ ҷарима пардохт кунад. Ҳамчунин бо ҳукми додгоҳ Исмонов дигар ҳақ надорад, ки худро раиси Ҳизби демократ муаррифӣ кунад. Дигар раиси Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар маҳбас ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG