Ба иттилоъи Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон, паҳлавонони тоҷик Ҷамшед Халилов (дар вазни то 60 кг) ва Саидҷамол Саидов (дар вазни то 73 кг) дар ин мусобиқаи бонуфузи байнулмилалӣ ҷойҳои севумро касб карданд.
Дар ҳамин ҳол, афзуд оқои Бозоров, гуштигирони маъруфи тоҷик Расул Боқиев, Шералӣ Бозоров ва Неъматуллоҳ Асронқулов ба Олимпиадаи Пекин-2008 омодагӣ мебинанд.