Нишастҳои ин гурӯҳи корӣ, ки бо мусоидати Бунёди байналмилалии системи интихоботҳо ва ё IFES баргузор шудааст, тӯли бештар аз як моҳ идома дошт ва ҳар як ҳизб пешниҳодоти мушаххаси худ ба бандҳои мухталифи Қонунҳои Тоҷикистон дар бораи интихобот ба Маҷлсии олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро ироъа намудааст. Ва аммо суол ин аст, ки оё ин пешниҳодоти аҳзоб ба қонунҳои интихоботӣ аз сӯи парлумон пазируфта мешавад?
Намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо таҳияи тарҳи тағйирот ба 40 банди Қонуни Тоҷикистон дар бораи интихобот ба Маҷлиси олӣ ва 44 банди Қонуни интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ хостори афзоиши вакилони парлумон аз 63 ба 100 нафар ва лағви пардохти гарави интихоботӣ шуданд. Аслан ин пешниҳодот ба бандҳои мухталифи ин ду қонуни интихобот аст, ки аксари аҳзоби сиёсӣ мухолифат зиёд доштанд ва ба гуфтаи онҳо дар сурати пазируфтан ин пешниҳодот ба тартиби таъсиси кумиссиюни марказии интихобот бо узвияти намояндагони аҳзоби сиёсии мухталифи кишвар ва баргузории интихоботи шаффоф ва мунсифона мусоидат хоҳад кард.
Ашӯрбой Имомов, коршиноси мустақил ва ширкатдори ҷаласаҳои гурӯҳи кории аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар мавриди тағйироту иловаҳо ба ду қонуни интихобот ба Маҷлиси олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии Тоҷикистон мегӯяд, тамдиди мӯҳлати баргузории интихобот то се моҳ ва лағви маҳдудият мӯҳлати иқомати номзадҳо аз нуқоти муҳими пешниҳодоти аҳзоб ҷиҳати тарҳи таҳрири ду қонуни интихобот ба Маҷлиси олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, омода аст пешниҳодоти намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар мавриди тағйиру иловаҳо ба қонунҳои интихобот ба Маҷлиси олӣ ва маҷлисҳои маҳаллиро дар парлумон пуштибонӣ хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки аксари намояндагони аҳзоби сиёсӣ мутмаин нестанд, ки ин тарҳи пешниҳодоти таҳрири қонунҳои интихобот ба Маҷлиси олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ аз сӯи парлумон пазируфта шавад. Субҳон Сафиаллоев, намояндаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мутмаин нест, ки парлумон пешниҳодоти мазкурро қабул кунад.
Барои таҳрири Қонуни интихобот ба Маҷлиси олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ҳамаи аҳзоби сисёии Тоҷикистон бастаи пешниҳодии худ ба гурӯҳи кориро ироъа карда буданд. Аз ҷумла ба гуфтаи Масъуд Собиров, раиси Ҳизби сабтиномшудаи демократи Тоҷикистон ба ин гӯрҳи корӣ 36 пешниҳоди тағйиру илова ба ин ду қонунро кардааст, ки 20 пешнҳоди ин ҳизб аз сӯи аъзои ин гурӯҳ пазируфта шуд.
Ҳамчунин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бар изофаи пешниҳодоти худ ҷиҳати таҳрири қонунҳои интихоботӣ, тарҳи алтеративии қонуни интихобот ба Маҷлиси олиро омода кардааст ва мегӯянд дар сурати мувофиқат бо пешниҳоди гурӯҳи корӣ ва пазируфтани ин тарҳи тағйиру иловаҳо аз сӯи парлумон, тарҳи алтернативии худро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ироъа нахоҳад кард.