Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои санади таъсиси телевизони муштараки форсӣ


Намояндагони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон санади таъсиси телевизони муштараки форсизабонро имзо карданд.

Ҳайъатҳои расмии Тоҷикистону Эрону Афғонистон дар нахустин нишасти кории худ дар шаҳри Душанбе доир ба таъсиси телевизиони муштараки форсизабон санади расмӣ имзо кардаанд. Бино бар иттилоъи хабаргузории ИРНА- и Эрон, санади мазкур баъзе аз муқаррароти таъсиси телевизионро пешбинӣ мекунад. Қароргоҳи марказии телевизион шаҳри Душанбе интихоб шудааст. Қарор аст, нишасти дуввуми ҳайъатҳои расмӣ рӯзи 7-уми август доир шавад. Моҳи марти соли равон руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Эрону Афғонистон эълом карданд, ки барои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангии худ телевизиони муштаракеро таъсис хоҳанд дод.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG