Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон – 154-ум


FIFA – Федеросиюни байнулмилалии футбол феҳрист ё рейтинги навини тимҳои миллии кишварҳои ҷаҳонро нашр кард.

Тоҷикистон дар ин феҳрист боз 1 зина поинтар - ба радифи 154-ум фуромад ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (55-ум), Қазоқистон (124-ум), Қирғизистон (145-ум) ва пеш аз Туркманистон (158-ум) ҷойгир шудааст.

Зимнан, миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон дар зинаи пешазохирин – 14-ум - қарор дорад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ 13 зина боло - ба радифи 11-ум баромад. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дувум ва дар ҷаҳон 29-ум мебошад. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар «феҳристи худӣ» ва мутаносибан феҳристи FIFA чунин аст: 3. Молдова (50). 4. Узбакистон (55). 5. Беларус (57). 6. Литва (59). 7. Латвия (66). 8. Гурҷистон (89). 9. Арманистон (96). 10. Эстония (120). 11. Қазоқистон (124). 12. Озарбойҷон (139). 13. Қирғизистон (145). 14. Тоҷикистон (154). 14. Туркманистон (158).

Дар садри феҳристи FIFA дастаи миллии Испания, қаҳрамони Аврупо-2008, қарор гирифтааст. Итолиё, қаҳрамони феълии ҷаҳон, дар ҷои дуввум ва Олмон дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Бразил, Ҳуланд, Аргентина, Хорватия, Ҷумҳурии Чех, Португалия ва Фаронса ҷойгир шудаанд.

Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Осиё инҳоанд: Ҷопон (34), Эрон (37), Австралия (40), Арабистони Саъудӣ (49), Куриёи Ҷанубӣ (53), Узбакистон (55), Ироқ (58), Баҳрайн (72), Қатар (80) ва Чин (83).

XS
SM
MD
LG