Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Ҳусейнхоҷаев: ҷои 15-ум байни 146 шатранҷбоз


Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев
Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев

Шатранҷбози ҷавони тоҷик Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев дар ҷашнвораи байнулмилалии шатранҷи «Шабҳои сафед» дар шаҳри Санкт-Петербург (Русия) бо 6 имтиёз байни 146 нафар ҷои 15-умро соҳиб шуд.

Ба гуфтаи коршиносони соҳаи шатранҷ, ин натиҷаи шоҳмотбози ҷавони тоҷик, бешубҳа, муваффақияти чашмрас аст. Мусобиқоти мазкур, ки аз 9 давр иборат буд, бо ширкати шатранҷбозони 6 кишвар – Русия, Арманистон, Булғористон, Латвия, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чех – тӯли 9 рӯз идома кард.
Бузургустод (гроссмейстер) Валерий Попов (Русия) бо 8 имтиёз ғолиби ин мусобиқот гардид.
Намояндаи Тоҷикистон Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев бар 5 нафар шатранҷбозони Русия – Василий Ермолов, Андрей Починков, Леонид Бочаров, Олег Орлов ва Феликс Роткин – пирӯз шуда, 2 бозиро бо Войте Коварж, аз Ҷумҳурии Чех, ва Андрей Вундер, аз Русия, мусовӣ анҷом дод ва танҳо дар 2 бозӣ (аз Денис Евсеев, аз Русия, ва Рафаэл Бархударян, аз Арманистон) мағлуб гардид.
Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев, ду соли ахир дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад ва барои такмили маҳорати худ дар мусобиқоти мухталиф ширкат меварзад.
XS
SM
MD
LG