Ба даҳгонаи беҳтарин 4 нафар аз қаҳрамони футболи Аврупо-2008 дастаи миллии Испания, 2 футболбози дастаи Олмон, якнафарӣ аз дастаҳои Ҳуланд, Хорватия, Туркия ва Русия интихоб шуданд.
Инак, феҳристи беҳтарин бозигарони Ҷоми Аврупо-2008: Икер Касиляс, Карлес Пуйол, Маркос Сенна, Давид Вилля (ҳама – Испания), Михаэл Баллак, Бастиан Швайнштайгер (ҳарду – Олмон), Ҳамид Олтинтоп (Туркия), Уэсли Снейдер (Ҳуланд), Лука Модрич (Хорватия), Андрей Аршавин (Русия).
Дар ҳамин ҳол, Кумисиюни техникии UEFA, инчунин, тасмим гирифтааст беҳтарин бозигар ва мунтахаби рамзии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупоро эълом намояд.