Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози баланди «Парвоз»


Бозиҳои даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 23-вуми июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тими мизбон - «Динамо»-ро бо ҳисоби калони 4:0 шикаст дод. Дар ин дидор Асадуллоҳ Бобоҷонов дар дақиқаи 35-ум ҳисобро боз кард. Анвар Норқулов дар дақиқаи 64-ум ҳисобро афзуд. Ду голи дигари «Парвоз»-ро Суҳроб Эгамбердиев дар дақиқаҳои 80-ум ва 86-ум ба самар расонд.
Ин ғалаба ба «Парвоз» имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқот боз ба ҷои аввал барояд. Футболбозони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 13 бозӣ 32 имтиёз ба даст овардаанд. Инчунин ҳамлагари ин даста Нуъмонҷон Ҳакимов бо 13 гол дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин пешсаф мебошад.
Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 29 имтиёз дар ҷои дувум қарор дорад.
Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 26 имтиёз дар ҷои севум мебошад.
«Энергетик»-и Душанбе дар майдони худ бар дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қурғонтеппа бо ҳисоби 3:1 ва «Гвардия»-и Душанбе бар тими меҳмон - «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардиданд.
Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1.
«Парвоз»
13
10
2
1
33-11
32
2.
«Регар» ТадАЗ
12
9
2
1
36-10
29
3.
«Хуҷанд»
12
8
2
2
14-6
26
4.
«Вахш»
12
6
2
4
16-10
20
5.
«Динамо»
12
4
4
4
14-16
16
6.
«Тоҷиктелеком»
12
5
0
7
19-21
15
7.
CSKA «Помир»
12
5
0
7
10-21
15
8.
«Энергетик»
13
3
3
7
18-26
12
9.
«Гвардия»
13
3
2
8
12-29
11
10.
«Равшан»
13
3
1
9
14-25
10
11.
«Саройкамар»
12
1
4
7
15-26
7
Бозиҳои даври навбатии мусобиқот 25-уми июн байни дастаҳои «Саройкамар» (Панҷ) ва «Равшан» (Кӯлоб), «Тоҷиктелеком» (Қурғонтеппа) ва CSKA «Помир» (Душанбе), «Вахш» (Қурғонтеппа) ва «Энергетик» (Душанбе) баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG