Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба озмоиши чархаи дувуми Сангтӯда-1


Бинокорони Сангтӯда-1 дар ифтитоҳи чархаи якуми нерӯгоҳ рӯзи 20 январи соли 2008. (Акс - аз бойгонии РО)
Бинокорони Сангтӯда-1 дар ифтитоҳи чархаи якуми нерӯгоҳ рӯзи 20 январи соли 2008. (Акс - аз бойгонии РО)

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи 23 июни соли равон агрегати дувуми нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 озмоиш мешавад.

Алексей Силантев, муҳандиси аршади ширкати «Барқи тоҷик», бо таъйиди ин хабар, гуфтааст, ки чархаи дувуми ин нерӯгоҳ дар сурати озмоиши муваффақона сар аз ибтидои моҳи июли соли ҷорӣ комилан фаъъол шуда ва дар баробари чархаи аввал ба тавлиди барқ шурӯъ хоҳад кард.
Ин дувумин аз чаҳор чархаи нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» аст, ки бо 75 дарсад саҳми ширкати РАО ЕЭС-и Русия ва 25 дарсад саҳми Тоҷикистон бунёд мешавад. Чархаи аввали ин нерӯгоҳ, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ ба кор шурӯъ карда буд, барқи тавлидии худро ба сокинон ва корхонаҳои Тоҷикистон интиқол медиҳад.
Ахиран мақомоти ширкати РАО ЕЭС-и Русия иддао карданд, ки қарзи истифодаи барқи чархаи аввали ин нерӯгоҳ тавлидкарда ба ҳудуди 3 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст ва ин ширкат аз ҷониби Тоҷикистон пардохти бетаъхири ин қарзро тақозо мекард. Зеро мақомоти ҷамъияти саҳҳоми бунёди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» аз таъхири сармоягузорӣ ба сохтмони ин нерӯгоҳ дар тӯли 5-6 моҳи аввали соли ҷорӣ шикоят мекарданд ва ин таъхирро ба мушаххас кардани саҳми ҷонибҳо дар ин нерӯгоҳ марбут медонистанд, ки боъиси ихтисос нашудани маблағи сармоя аз буҷаи давлатии Русия ба сохтмони «Сангтӯда-1» шудааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти ширкати «Барқи тоҷик» посух доданд, ки дар амри пардохти қарзи барқи тавлидкардаи чархаи аввали нерӯгоҳи «Сантӯда-1» аз иқдомоти ҷиддӣ ва оҷил кор хоҳанд гирифт, зеро ин сармоя барои идомаи бунёди нерӯгоҳи мазкур истифода хоҳад шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, оқои Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», гуфт, дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангсози энержии барқии кишварҳои Осиёи марказӣ, ки дар Душанбе кори худро анҷом дод, ба тавофуқ расиданд, ки то соли 2010 Туркманистон ҳар сол 1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ ба Тоҷикистон интиқол диҳад. Аммо ӯ мегуяд, ки қаблан миёни Тоҷикистон ва Туркманистон барои интиқоли 1 миллиард-киловатт соат барқ тӯли 5 соли минбаъда ба тавофуқ расида буданд, зимистони соли ҷорӣ ин кишвар пас аз таваққуфи тӯлонӣ содироти барқи худ ба Тоҷикистонро аз сар гирифт.
Аммо, ба гуфтаи мақомоти ин ширкат, дар мавриди харидории 600 миллион киловатт-соат барқи Узбакистон барои соли ҷорӣ ҷонибҳои Тоҷикистон ва ин кишвар ҳанӯз ба тавофуқ нарасидаанд ва қарор аст дар рӯзҳои наздик сари ин мавзӯъ гуфтугӯҳо шурӯъ шавад.
Ҳамчунин қарор буд дирӯз миёни Тоҷикистону Афғонистон дар мавриди фурӯши барқи Тоҷикистон ба ин кишвар дар фасли гарм ва эҳдоси шабакҳои барқи 220-киловолтӣ созишномаи давлатӣ ба имзо мерасид, аммо ҷониби Афонистон, бо далели норавшании бархе аз бандҳои ин қарордод, аз тасиби он худдорӣ карда, имзои онро ба муҳлати номуайян ба таъхир гузошт.
XS
SM
MD
LG