Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шоми 19-уми июн бозиро дар майдони худ ғайричашмдошт бо тими «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, ки дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқот қарор дорад, бо ҳисоби 2:2 анҷом дод. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар меҳмонӣ «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 4:2 мағлуб сохт. «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар тими меҳмон – «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ ба дарвозаи тими меҳмон - «Помир»-и Душанбе - се голи беҷавоб зад. Вале «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ аз тими «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Бад-ин тартиб «Регар» ТадАЗ ва «Парвоз» 29-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо «Регар» ТадАЗ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Парвоз» дар зинаи дуввум ҷойгир шудааст. «Хуҷанд» бо 26 имтиёз дар ҷои севум мебошад.
Нӯъмонҷон Ҳакимов («Парвоз»), ки ҳамагӣ 13 гол ба самар расондааст, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал мебошад.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1. | «Регар» ТадАЗ | 12 | 9 | 2 | 1 | 36-10 | 29 |
2. | «Парвоз» | 12 | 9 | 2 | 1 | 29-11 | 29 |
3. | «Хуҷанд» | 12 | 8 | 2 | 2 | 14-6 | 26 |
4. | «Вахш» | 12 | 6 | 2 | 4 | 16-10 | 20 |
5. | «Динамо» | 11 | 4 | 4 | 3 | 14-12 | 16 |
6. | «Тоҷиктелеком» | 11 | 5 | 0 | 6 | 18-18 | 15 |
7. | CSKA «Помир» | 12 | 5 | 0 | 7 | 10-21 | 15 |
8. | «Равшан» | 12 | 3 | 1 | 8 | 14-24 | 10 |
9. | «Энергетик» | 12 | 2 | 3 | 7 | 15-25 | 9 |
10. | «Гвардия» | 12 | 2 | 2 | 8 | 11-29 | 8 |
11. | «Саройкамар» | 12 | 1 | 4 | 7 | 15-26 | 7 |
Бозиҳои даври 13-уми мусобиқот 22-вуми июн байни дастаҳои «Энергетик» ва «Тоҷиктелеком», «Гвардия» ва «Равшан», «Динамо» ва «Хуҷанд» баргузор мешаванд. Бозии пешсафон - «Регар» ТадАЗ ва «Парвоз» бинобар ширкати қаҳрамони футболи Тоҷикистон аз 22-вум то 26-уми июн дар Ҷоми Раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар Малайзиё ба замони баъдтар гузаронида шуд.