Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рекорди нави Дилшод Назаров – 79 м 5 см


Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров
Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров

Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байнулмилалӣ ба хотираи Гусман Косанов дар шаҳри Алматии Қазоқистон дар гурзандозӣ медали тило ба даст овард.

Ба иттилоъи Ғайрат Неъматов, мураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон, варзишгари мумтози тоҷик Дилшод Назаров дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон гурзро ба масофаи 79 метру 5 сантиметр ҳаво дод, ки рекорди нави ин мусобиқоти анъанавӣ мебошад. Ӯ, ҳамчунин, натиҷаи шахсиашро беҳтар намуд.
Дилшод Назаров дар байни варзишгарони Тоҷикистон нахустин шуда ба Бозиҳои Олимпии соли 2008 роҳхат гирифтааст. Бино бар ин ҳадафи аслии гурзандози тоҷик омодагии ҳамаҷониба ба Олимпиадаи Пекин мебошад.
XS
SM
MD
LG