Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

EURO-2008: Боз як даста ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт


Лаҳзае аз бозии байни дастаҳои Олмон (сафед) ва Лаҳистон (сурх)
Лаҳзае аз бозии байни дастаҳои Олмон (сафед) ва Лаҳистон (сурх)

Дар Австрия ва Швейтсария даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2008 ҷараён дорад.

Баъди ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани дастаҳои мунтахаби Португалия, Хорватия, Ҳуланд, Испания ва Туркия ин ҳуқуқро дастаи Олмон низ ба даст овард.
Футболбозони Олмон, ки дастаи Австрияро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд, бо 6 имтиёз ва таносуби тӯбҳои 4 – 2 тавонистанд дар гурӯҳи «В» баъди дастаи Хорватия мақоми дувумро касб намоянд. Дастаҳои дигари ин гурӯҳ Австрия ва Лаҳистон, ки ҳамагӣ 1-имтиёзӣ ба даст оварданд, аз ҳуқуқи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуданд.
Дар гурӯҳи «С» пас аз ду давр Ҳуланд бо 6 имтиёз (7 – 1) дар ҷои аввал аст ва новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш дар садри ҷадвал боқӣ хоҳад монд. Руминия 2 имтиёз (1 – 1) дорад. Фаронса ва Итолиё 1-имтиёзӣ ба даст овардаанд ва таносуби тӯбҳояшон низ мушобеҳ (1 – 4) аст. Ҳарсе барои роҳхати дувум аз ин гурӯҳ талош хоҳанд кард. Бозиҳои даври севуми гурӯҳи «С» 17-уми июн байни Ҳуланду Руминия ва Фаронсаву Италия баргузор мешаванд.
Дар гурӯҳи «D» Испания бо 6 имтиёз (6 – 2) дар ҷои аввал мебошад. Шветсия (3 – 4) ва Русия (2 – 4) бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Юнон хол надорад ва сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш бо Испания (18-уми июн) аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шудааст. Тақдири роҳхати дувум аз ин гурӯҳ 18-уми июн дар бозии байни Русия ва Суэд (Шветсия) ҳал хоҳад шуд.
Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ (19 – 22-вуми июн) роҳ меёбанд. Дар ин давр Португалия бо Олмон, Хорватия бо Туркия, Ҳуланд бо дастаи дувуми гурӯҳи «D» ва ғолиби гурӯҳи «D» бо дастаи дувуми гурӯҳи «С» рақобат мекунанд.
Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзҳои 25-ум ва 26-уми июн сурат мегиранд. Бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо-2008 29-уми июн дар варзишгоҳи Эрнст-Ҳаппели шаҳри Вена, пойтахти Австрия, баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG