Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Андалеб – 2008» ба марҳалаи ниҳоӣ мерасад


Дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон марҳалаи ниҳоии озмуни саросарии «Андалеб-2008» шурӯъ шуд.

Ҳамакнун шаш ноҳия, ки дар миёни 67 навоҳӣ аз 4 минатқаи кишвар пирӯз шудаанд, дар пойтахт миёни ҳам сабқат мекунанд. Ба ҳамин тартиб, навоҳии Темурмалики Кӯлоб, Шоҳманусри Душанбе, Тоҷикободи водии Рашт, Ишкошими Бадахшон, Исфараи Суғд ва Рӯдакии водии Ҳисор то рӯзи 21 июни соли 2008 байни ҳам сабқат хоҳанд кард.

Абдулмаҷид Боймуродов, масъули вазорати фарҳанг дар озмуни «Андалеб-2008» мегӯяд: «Рӯзи 18 июн ҳунармандони ноҳияи Ишкошим ва рӯзи 21 июн санъаткорони ноҳияи Исфара пешорӯи мухлисини душанбегӣ ҳунарнамоӣ мекунанд ва рӯзи 21 июн гулчини ҳунарҳои мардумӣ, беҳтарин дастовардҳои «Андалеб-2008» пешкаши мухлисини мегардад».

Зиёбой Тошев, раиси фестивал - озмуни «Андалеб -2008» меафзояд, озмуни мазкур муҳимтарин чорабинии фарҳангист, ки тамомии навоҳии кишвар бо шумули ҳунармандони мардумӣ дар он бевосита ширкат мекунанд.

Ҳадафи аслии «Андалеб-2008» кашфи истеъдодҳои нодири мардумист. Ва аммо масъулин сари маблағи ба озмун ҷудошуда то ҳанӯз пардаи сиррӣ гузоштаанд.

Хуршеди Атовулло, коршиноси тоҷик мегӯяд, «Андалеб-2008» дар мавриде баргузор мегардад, ки дигар сохторҳои фарҳангии кишвар ба пул сахт ниёз доранд: «Ин маблағҳоро ба гунаи мисол метавонанд барои рӯи кор овардани як нашриёти нав, чопи китобҳои хонданӣ масраф кунанд, зеро бозёфтҳои нохунакдори андалебҳо ҳама вақт пас аз як ё ду бор ҷило додан бозпас ғайб мезананд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилоъи коршиносон ҳар падидаи нави ҳунарӣ, ки ҳини андалебҳо кашф мешавад, пас аз чанд соле боз ҳам ғайб мезанад. Ва иллати аслии нопадид шудани ситораҳои тозакашфи «Андалеб» дефисити пул ва камии маблағгузорӣ ба соҳоти фарҳангу ҳунари кишвар будааст.

XS
SM
MD
LG