Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 73 кг бар рақибонаш Марио Рудл (Словения), Давид Гонсалӣ (Испониё), Карл Шонебург (Олмон) ва Михаэл Ремилиен (Фаронса) дастболо шуда, ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт.
Паҳлавони тоҷик дар қавваозмоии ҳалкунанда гуштигири итолиёӣ Марко Мадалониро мағлуб кард.
Ин мусобиқа барои Расул Боқиев як марҳилаи омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 маҳсуб мешуд.
Сабқати гуштии дзюдо аз рӯи барномаи Олимпиада дар вазни то 73 кг 11-уми август дар толори варзишии Донишгоҳи илм ва технологияи Пекин баргузор хоҳад шуд.