Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболи Тоҷикистон: «Парвоз» - ғолиби давраи аввал


Давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон поён ёфт.

Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар охирин бозии давраи аввал дар Кӯлоб дастаи ин шаҳр «Равшан»-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард, дар ҷадвали мусобиқот бо 25 имтиёз ба ҷои аввал баромад. Голҳоро Асад Бобоҷонов (дақиқаи 19-ум) ва Нуъмонҷон Ҳакимов (80) аз дастаи «Парвоз» ва З. Абдулхайров (90+4, «Равшан») ба самар расонданд.
«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон, ки 23 имтиёз гирифтааст, дар ҷои дувум мустақар шуд.
Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 22 имтиёз дар радифи севуми ҷадвали мусобиқот ҷой гирифт.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот баъди
анҷоми давраи аввал
Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1.
«Парвоз»
10
8
1
1
22-8
25
2.
«Регар» ТадАЗ
10
7
2
1
28-8
23
3.
«Хуҷанд»
10
7
1
2
10-5
22
4.
CSKA «Помир»
10
5
0
5
10-14
15
5.
«Динамо»
10
4
3
3
13-11
15
6.
«Вахш»
10
4
2
4
10-9
14
7.
«Тоҷиктелеком»
10
4
0
6
16-17
12
8.
«Равшан»
10
3
1
6
12-19
10
9.
«Энергетик»
10
2
2
6
12-20
8
10.
«Гвардия»
10
2
2
6
10-21
8
11.
«Саройкамар»
10
1
2
7
12-23
5
Беҳтарин голзанҳо: Нуъмонҷон Ҳакимов («Парвоз») – 9 гол, Бахтиёр Ҳасанов («Регар» ТадАЗ) – 7 гол.
Бозиҳои даври 12-уми мусобиқот: 14-уми июн. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - «Гвардия» (Душанбе), CSKA «Помир» (Душанбе) - «Регар» ТадАЗ (Турсунзода), «Равшан» (Кӯлоб) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа), 15-уми июн - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Саройкамар» (Панҷ), «Энергетик» (Душанбе) - «Динамо» (Душанбе).
XS
SM
MD
LG