Дар марҳилаи муқаддамотӣ 16 дастаи беҳтарини қорра дар чаҳор гурӯҳ рақобат мекунанд.
Дастаи миллии Португалия пас аз пирӯзиҳо бар тимҳои Туркия (2:0) ва Чехия (3:1) бо 6 имтиёз дар гурӯҳи «А» пешсаф мебошад. Барандаи медалҳои нуқраи Ҷоми Аврупо-2004 дастаи Португалия аввалин шуда ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар ин гурӯҳ Чехия ва Туркия, ки 3-имтиёзӣ ба даст овардаанд, барои роҳхати дувум 14-уми июн бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Вале дастаи мизбон Швейтсария, ки бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷой гирифтааст, сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш бо Португалия (15-уми июн) аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми Аврупо маҳрум гардид.
Дар гурӯҳи «В» Олмон ва Хорватия бо 3-имтиёзӣ пешсафанд. Австрия ва Лаҳистон ҳанӯз имтиёз нагирифтаанд. Дар даври дувум, 12-уми июн, дастаҳои Хорватия ва Олмон бо ҳам дар майдони рақобат рӯ ба рӯ мешаванд. Тими ғолиби ин бозӣ ба даври баъдӣ роҳ меёбад. Дар дидори Австрия ва Лаҳистон (12-уми июн) тими мағлубшуда аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ бенасиб мемонад.
Дар гурӯҳи «С» пас аз даври аввал Ҳуланд бо 3 имтиёз дар ҷои аввал аст. Руминия ва Фаронса якимтиёзӣ ба даст овардаанд. Вале қаҳрамони феълии ҷаҳон – Италия – бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад. Бозиҳои даври дувум 13-уми июн байни Италия – Руминия ва Ҳуланд-Фаронса баргузор хоҳад шуд.
Дар гурӯҳи «D» Испания ва Шветсия феълан бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд. Юнон ва Русия ҳанӯз имтиёз надоранд. 14-уми июн дар даври дувум Суэд (Шветсия) бо Испания ва Юнон бо Русия бозӣ хоҳанд кард.
Бад-ин тартиб, аз 31 бозии даври ниҳоии Ҷоми Аврупо-2008 то имрӯз 10 бозӣ баргузор шуд. Футболбозон то имрӯз ҳамагӣ 21 гол ба самар расонданд. Давид Вилля (Испания) бо 3 гол алъон беҳтарин нишонзани мусобиқот ба шумор меравад.
Бар асоси низомномаи мусобиқот, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ (19 - 22-вуми июн) роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзҳои 25-ум ва 26-уми июн сурат мегиранд. Бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо-2008 29-уми июн дар варзишгоҳи Эрнст-Ҳаппели шаҳри Вена, пойтахти Австрия, баргузор хоҳад шуд.