Раҳматкарими Давлат
Сафорати Ҷопон дар Душанбе барномаҳои 5 созмони ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматиро дар заминаи беҳдоштӣ ва тарбияву парвариш ва мубориза бо офатҳои табиӣ маблағгузорӣ намуд. Қарордоди супурдани ин кумакҳои билоиваз зимни як маросим дар шаҳри Душанбе ба аз ҷониби сафири Ҷопон дар Душанбе ва роҳбарони барномаҳо ба имзо расид.
Аз ҷумла ин кумакҳо муҷаҳҳазсозии ниҳодҳои марбутаи вилояти Бадахшон ҷиҳати рафъи оқибати офатҳои табиӣ, муҷаҳҳазсозии беморхонаи умумии шаҳри Хоруғ ва Пажуҳишгоҳи гинекологии ҷумҳуриявӣ бо васоили техникии ҳозиразамон ва тармими ду мактаб дар навоҳии Айнӣ ва Исфараро дар бар мегирад.
Иматшо Карамшоев - муовини раиси вилояти Бадахшон зими имзои ин қарордод гуфт, зимистони имсол ниҳодҳои марбутаи вилоят дар рафъи оқибатҳои табии ба мушкилоти фаровоне мувоҷеҳ шуданд ва ин мушкилӣ аслан аз камбуди васоили техникӣ иборат аст ва маблағе, ки сафорати Ҷопон ихтисос додааст, барои харидории тракторҳо масраф хоҳад шуд.
Ин барномаҳо дар чаҳорчуби кумакҳои билоивази ҳукумати Ҷопон дар бахши иҷтимоии Тоҷикистон расоида мешавад. То кунун 118 чунин барномаҳо аз ҷониби ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон ба маблағи бештар аз 5, 5 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст. Коичи Миёшӣ - кордори сафорати Ҷопон дар Душанбе - гуфт, назорати иҷрои ин барномаҳо ва истифодаи маблағ дар ҷиҳати иҷрои онҳо аз ҷониби сафорати Ҷонпон амалӣ мешавад ва то кунун ҳеҷ мавриди суйистифода ва ё ғайримақсад истифода кардани ин маблағҳо мушоҳида нашудааст.