Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

В.Пейтон:"Аз тавсиаи СПИД пешгирӣ кунед"



Сафаргул Олимӣ



Созмони Миллали Муттаҳид пас аз соли 2005 то соли 2010 аз тариқи муассисаҳои мухталифи худ барои Тоҷикистон 380 миллион доллар ихтисос хоҳад дод. Вилям Пейтон - ҳамоҳангсози доимии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон - пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонов бо эъломи ин хабар афзуд, ин маблағ барои коҳиши мизони фақр, бахшҳои иҷтимоӣ, мубориза алайҳи коррупсия, кумак ба зарардидагони офатҳои табиӣ ва ғайра масраф хоҳад шуд.

Вилям Пейтон бо изҳори нигаронӣ таъкид кард, агар ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи пешгирии бемории СПИД чораҳои қатъӣ наандешад, теъдоди гирифторони ин беморӣ дар кишвар ду маротиба афзоиш ёфта, дар се-чор соли оянда ба яке аз мушкилоти умдатарини ҷомеа табдил меёбад. Тибқи омори Созмони Милал ба шумораи ками аҳолии Тоҷикистон нигоҳ накарда, дар ин кишвар 150 мубтало ба вируси СПИД ба қайд гирифта шудааст. Аммо Вилям Пейтон мегуяд, теъдоди воқеии маризон эҳтимолан ба маротиб беш аст.

XS
SM
MD
LG