Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви гуруҳи Худойбердиевро боздошт карданд



Маъсум Имомов



Додситонии Суғд нисбати як сокини шаҳри Хуҷанд Аюбҷон Бобоҷонов бо иттиҳоми ширкат дар ҳамлаи мусаллаҳонаи полковники шуришгари тоҷик Маҳмуд Худойбердиев дар тирамоҳи соли 1998 ба вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Абдуманоннов муфаттиши додситонии вилоят хабар дод.

Вай гуфт, маълум шуд, ки Аюбҷон Бобоҷонов, яке аз аъзои дастаи Маҳмуд Худойбердиев буда, дар ҳамлаи у дар соли 1998 иштирок кардааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, Аюбҷон Бобоҷонов, пас аз ҳамлаи бебарори Маҳмуд Худойбердиев ба Русия фирор карда, шиносномаи ин кишварро дар даст доштааст.

Уро ҳангоми охирин боздидаш аз Хуҷанд боздошт кардаанд. Аммо тайи соли равон бори дуввум аст, ки дар вилояти Суғд афрод ба ҳамин иттиҳом, яъне ҳамдастӣ бо гуруҳи Худойбердиев боздошт мешаванд. Охири соли 2003 додситонии Суғд ду сокини ноҳияи Спитамен, падару писар Раҳмат ва Адҳам Суробовҳоро бо ҷароими ҳамдастӣ бо гуруҳи Маҳмуд Худойбердиев ва ҷосусӣ барои хадамоти амниятии Узбакистон ба муҳлатҳои 18 ва 15 сол маҳкум ба зиндон кард.

XS
SM
MD
LG