Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯраҷонзода даъвои қирғизҳоро рад кард



Насибҷони Амонӣ

чсмячсмячсмячсмячспр

Ҳамраиси кумисюни муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз тарафи Тоҷикистон, ноиби аввали сарвазири Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баъд аз поёни мулоқоти ду ҳайъат дар Бишкек гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон ягон қитъа замини Қирғизистонро ишғол накардаанд. Вай дар ҳоле ки аз тариқи телевизиони давлатии Қирғизистон ҳарф мезад, афзуд, баъзе аз минтақаҳои ҳанӯз дақиқнашудаи марзии ду кишвар аз тарафи аҳолии маҳаллии ҳарду мамлакат мавриди киштукор қарор ёфтаанд, ки бе таъини комили сарҳад, ҳеҷ тараферо намешавад, айбдор кард.

Вай гуфт, барои ду кишвари ҳамсоя ва дӯст корбасти калимаҳое монанди "ишғол" ва ё "тасарруф" салоҳ набуда, танҳо ба ангезиши шиддату хушунат сабаб мешавад. Ин сӯҳбатҳои Тӯраҷонзода дар посухи изҳороти ахири ҳамрайиси кумисюни муштарак аз тарафи Қирғизистон, нойиби аввали сарвазири Қирғизистон Бозорбой Мамбетов садо доданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ишғоли худсаронаи қаламрави Қирғизистон айбдор кард. Изҳороти Мамбетов дар чандин нашрияи интернетӣ ва бо василаи хабаргузории Интерфакс нашр шуда буд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз натиҷаҳои нишасти навбатии кумисюни муштарак изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаҳои тиҷорати нирӯи барқ, тармими роҳҳо ва додугирифти саноатӣ ба созиш расида, тарҳи ҳамкориҳои ояндаро омода намуданд.

XS
SM
MD
LG