Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйир додани ҳукумат бо роҳи осойишта ва ё "Калонҳо худашон медонанд, чӣ кор кунанд!"



Салими Аюбзод

Бахши дигар аз гузориши департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Қонуни асосии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳақ медиҳад, бо роҳи осойишта, ба воситаи интихоботҳо президент ва аъзои порлумони кишварро иваз кунанд. Аммо дар амал ҳукумат ин ҳаққи мардумро аз онҳо гирифтааст. Ба ин сабаб, гуфта мешавад дар гузориши департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида, Тоҷикистон дар гузариш аз низоми монанд ба давраи шӯравӣ ба низоми озодтар хеле кам пешрафт кардааст ва президент Раҳмонову атрофиёни наздики ӯ аз минтақаи Кӯлоб дар ҳукумат тасаллут доранд.

Раҳмонов бар асари назархоҳии тағйири қонуни асосӣ, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ онро ҳамчун як маъракаи ноозод ва ноодилона танқид кардааст, назорати худро боз ҳам қавитар сохт. Интихобкунандагон, ки аксари онҳо сабтином нашуданд ва биноан барги ройи худро ҳам нагириятанд, маҷбур буданд ба барномаи иборат аз 56 тағйиру ислоҳи қонуни асосӣ як ҷавоби ҳа ё не бидиҳанд. Муҳимтарини онҳо тағйири банди 67 буд, ки ба президент иҷоза медиҳад, баъд аз соли 2006-ум ду даври дигари ҳафтсолаи президентӣ дошта бошад ва то соли 2020-ум раёсат кунад.

Бо зикри ин нукот, муаллифони гузориши департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида интихоботҳои президентии соли 1999 ва порлумонии соли 2000-умро ноозод, ноодилона, нобаробар ва пӯшида номидаанд. Ва дар ҳоле ки интихобот чунин аст, оё мардум метавонад, ба таври осойишта президенту ҳукумати худро нав кунад? Бо ин савол ҳамкорам Зарангези Наврӯзшоҳ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ба чанд нафар муроҷиат кард ва дар ҳоле ки се нафар аз онҳо мавҷудияту риоят шудани ин ҳақро тасдиқ карданд, се нафари дигар рад ва як нафар аз Ленин иқтибос овард, ки роҳ танҳо хунрезисту як нафари дигар гуфт, "инаш кори мо нест" ва яки дигар гуфт, "калонҳо худашон медонанд, чӣ кор кунанд".

Барои номзад шудан дар интихоботи президентӣ бояд шумораи зиёди имзоҳоро ҷамъ овард, ки танҳо президент Раҳмонов тавонист, бо истифода аз дастгоҳи давлат ин имзоҳоро ҷамъоварӣ кунад. Номзадҳои дигар шикоят карданд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ дар ин кор зидди онҳо амал кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмонов ягона номзад эълон шуд, то замоне, ки Додгоҳи Олӣ дар арафаи овоздиҳӣ ба сабти номзади мухолиф қарор кард. Дар маъракаи таблиғотӣ Раҳмонов, ба қавли муаллифони гузориш, ба расонаҳои хабарӣ ҳокимияти тамом дошт ва дар рӯзи овоздиҳӣ қонуншиканию тақаллуб ва овоздиҳии чандбораи тарафдорони Раҳмонов ба қайд гирифта шуданд. Ҳукумат иштироки 98 дарсади интихобкунандагонро дар раъйдиҳӣ ва пирӯзии Раҳмоновро бо 96 дарсади овозҳо эълон кард. Аммо аксари нозирон мегӯянд, ба ин шумораҳо бовар надоранд. Тибқи гузориши департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида, тақаллуб дар интихоботҳо то андозаест, ки дар яке аз онҳо дар сатҳи ноҳиявӣ, дар моҳи ноябр, пирӯзии номзади оппозисюн ба номзади ҳизби ҳоким баргардон шуд ва додгоҳ ин тақаллубро тасдиқ кард. Ҳуқуқшиносони маҳаллӣ ҳукми додгоҳро нодуруст, ва ҳуққабозии сиёсӣ номиданд.

Бо вуҷуди озодии зоҳирии ҳизбҳои сиёсӣ ба фаъолият, дастрасии онҳо ба расонаҳои умумӣ мушкил аст. Дар ҳоле ки телевизиони давлатӣ ба ҳизбҳо дар интихоботи парлумонӣ вақти озод дод, куллан маъаракаи интихоботиро бетарафона ва бо мувозанат инъикос накард. Аксари кулли курсиҳо дар порлумон моли ҳизби ҳоким шуданд ва беҳбуди интихобот танҳо дар он дида мешавад, ки ду намояндаи ҳизби исломӣ ба он роҳ ёфтанд.

Дар гузориши департаменти давлатӣ гуфта мешавад, ки ду ҳизби нави сиёсӣ натавонистанд сабтноми расмӣ гиранд ва ду узви ҲНИТ боздошт шуда, яке аз онҳо ба мӯҳлати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум гардид. Дар парлумон 12 зан узвият дошта, дар ҳар табақаи он як зан муовини раис аст. Ӯзбакҳои Тоҷикистон дар ҳукумат намоянда доранд, ҳарчанд бидуни нақши мустақими сиёсӣ ва чор нафари онҳо узви парлумонанд.

XS
SM
MD
LG