Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи як сокини Душанбе ба Эмомалӣ Раҳмонов



Мирзонабии Холиқзод

Саодат Қодирова мехоҳад, президент барои хатми азобу шиканҷаи маҳбусон дар зиндонҳо тадбир биандешад.

Саодат Қодирова, як сокини шаҳри Душанбе, бо ирсоли номаи саркушода ба унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори афви шавҳар ва ду бародараш шудааст. Шавҳар ва бародарони хонум Қодирова бо гуноҳи фаъолият дар созмони мамнуъшудаи "Ҳизб-ут-Таҳрир" ба солҳои тулонӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд. Хонум Қодирова дар мактуби худ навиштааст, ки пайвандони вай ба ҳангоми ҳамкорӣ бо "Ҳизб-ут-Таҳрир" даст ба ҳеҷ гуна амали ғайриқонунӣ назадаанд ва танҳо бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодии изҳори ақида мардумро даъват кардаанду бас.

Саодат Қодирова мегуяд, ин амали онҳо аз лиҳози озодии сухан ва меъёрҳои низоми мардумсолорӣ раво мебошанд. Хонум Қодирова дар номаи худ унвонии раиси ҷумҳур таъкид кардааст, шавҳар ва бародарони вай аз замони боздошт ва то ҳоли ҳозир мавриди таҳқиру лату куб ва шиканҷа қарор доранд. Илова бар ин шароити зист дар маҳбас сангин буда, барои як хонаводаи бепарастор таъмини шавҳару ду бародар бо дармону даво мушкиласт.

Саодат Қодирова ба президент Эмомалӣ Раҳмонов муроҷиат кардааст, ки ин амалҳои ноадолатонаро, ки нисбати наздикони у ва умуман ба афроде, ки бо ҷурми ҳамкорӣ бо "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар маҳбасҳои Тоҷикистон раво мебинанд, хотима диҳад. Вақте, ки мо бо хонум Қодирова тамоси телефонӣ гирифтем, вай аз шарҳи мактубаш худдорӣ намуда гуфт, номае, ки ба нишонии идораи Радиои Озодӣ дар Душанбе навиштаам, кифоя аст. Воқеан як нусха аз номаи саркушоди хонум Қодирова 3 март ба идораи Радиои Озодӣ дар Душанбе расид.

Мо дар пайи ин нома ба шуъбаи дастгоҳи раёсати ҷумҳур муроҷиат намудем, аммо намояндагони ин шуъба изҳори бехабарӣ карданд. Вале дар шуъбаи вазорати адлияи Тоҷикистон изҳор доштанд, ки бо унвони Саодат Қодирова ба онҳо нома расидааст ва дар шуъбаи номаҳо расман ба қайд гирифта шудааст.

Дилсуз Шодиева, намояндаи шуъбаи номаҳои вазорати адлияи кишвар дар робита ба ин нома мегуяд: "Ин мактуб ба мо омадагӣ аст, рузи 2 март. Шавҳар ва бародарашон дар маҳбаси рақами 1 шаҳри Душанбе ҳастанд, ва додарашон дар маҳбаси Хуҷанд. Ба фикрам онҳо мехоҳанд, ҷаноби президент онҳоро авф кунад."

Аз суҳбат бо намояндаи шуъбаи мактубҳои вазорати адлия рушан гашт, ки вазири адлияи Тоҷикистон Халифабобо Ҳомидов ин номаро баррасӣ намуда, барои тафтиш ба унвони раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон, ки ин раёсат дар тобеияти вазорати адлия мебошад, 4 март ирсол доштааст.

Намояндаи раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон Суҳроб Ҳидоятов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мо бо ҳамаи маҳбусҳо новобаста аз мансубиятшон ба ин ё он гуруҳу ҳизб муносибати ягона дорем. Ҳидоятов афзуд, "Ҳизб-ут-Таҳрир" ки сиёсати зидиҳукумати Тоҷикистонро пеш мебарад ва ба унвони як неруи тундгаро шинохта шудааст, аз даъвату ҳамкорӣ ва густариши он дар Тоҷикистон ҳатман ҷилвагирӣ мешавад.

Суҳроб Ҳидоятов дар ин гуфтаро, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон маҳбусони мансуб ба "Ҳизб-ут-Таҳрир" мавриди азобу шиканҷа қарор доранд, беасос шуморид ва афзуд: "Вай аз Ҳизби Таҳрир аст ва ё ғоратгар аст, барои мо фарқ надорад. Аз даруни маҳбас ягон кас шикояти шиканҷа додану ягон чиз надоранд, барои он ки мо прокурори назоратӣ дорем, дар ин ҷо, шуъбаи калон аст, дар прокуратураи ҷумҳурӣ ва прокуратураи дигар аст, ки ҳар ҳафтае ду бор се бор намояндагони онҳо маҳбасҳоро омада мебинанд."

Ва аммо коршиносону ҷомеашиносон мегуянд, бо роҳи боздошту таъқиб ва ба маҳбас кашидану маҳкум кардан намешавад, аз густариши "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кард. Ба назари онҳо, яке аз сабабҳои аслии ба ин ҳизб ру овардани мардум ниёзмандии иҷтимоии онҳо мебошад. Тибқи иттилои вазорати умури дохила, ба афроде, ки дастурнома, китоб ва ё варақаҳои "Ҳизб-ут-Таҳрир"-ро дар маҳаллаҳои шаҳр ва дар нуқоти серодами пойтахт интишор медиҳанд, на камтар аз 100 доллар дар як ҳафта дода мешавад.

Сардори созмони ғайридавлатии "Сотсиолог" дар Тоҷикистон Ғаюр Қаҳҳоров дар робита ба ин масъала ба ин назар аст: "Мо тадқиқоти сотсиалогӣ гузаронидем. Дар ҳақиқат вазъи иҷтимоии мардум хеле вазнин аст ва ҳамин шароити вазнини ҷомеаи мо ба он оварда мерасонад, мардум ба доми фиреб афтода, ба ин ё он гуруҳ шомил мешаванд."

Бино ба иттилои вазорати умури дохила, танҳо дар як моҳи соли равон 50 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми ҳамкорӣ бо "Ҳизб-ут-Таҳрир" боздошт шудааст. Аммо дар ҳамин ҳол як намояндаи Комиссияи назорат бар ҳуқуқи инсони назди раиси ҷумҳур, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, дар иртибот ба сарнавишти номаи саркушодаи сокини Душанбе Саодат Қодирова гуфт, дар ҳоли ҳозир дар бораи ба кадом шакл ҳал шудани ин масъала чизе гуфта наметавонад, зеро дар ин маврид хулосаи раёсати маҳбасҳои назди вазорати адлияи кишвар зарур аст.

XS
SM
MD
LG