Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чоряккорон як автобус таркид



Раҳматкарими Давлат



Субҳи шанбе, 28 феврал дар минтақаи Чоряккорон, воқеъ дар 5-километрии ғарби Душанбе, дар натиҷаи инфиҷори автобуси мусофирбаре, ки дар масири Душанбе-Шаҳринав мусофир мебурд, дасти кам 10 нафар ҳалок ва ҷамъияти аз ин ҳам бештари мусофирон маҷруҳ шудаанд.

Ҳаракати ин автобуси навъи ПАЗ тавассути нируи газ будааст ва аз ин ру дар заминаи тафтиши ин ҳодиса дар ҳоли ҳозир ба фарзияи таркиши балони газ авлавият додаанд.

Инфиҷори мошинҳое, ки ба нируи газ ҳаракат мекунанд, ҳодисае барои Тоҷикистон нав нест, вале бо ин вуҷуд ба маҳзи арзонтар будани масрафи газ ронандагон ин навъи сузишвориро бар бензин ҳамчунон бартарӣ медиҳанд.

Барои тафтиши ин ҳодиса як комиссияи вижа таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG