Нурмуҳаммади Холзода
Бино ба хабарҳо, дар Тоҷикистон Динмуҳамммад Муҳаммадисҳоқ - сарҳанги нируҳои марзбонии Афғонистон - боздошт шудааст. Нируҳои марзбонии Русия мустақар дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон сарҳанг Динмуҳаммадро бо гуруҳе аз қочоқчиён ҳангоми убур аз марз боздошт кардаанд. Аз қочоқчиён 79 килограм ҳероин ва як килограм ҳашиш мусодира шудааст.