Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд хабари фарҳангии Тоҷикистон



Саидқосими Қиёмпур



Дар театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ намоишномаи "Паятси" ё "Масхарабозон" - и оҳангсози маъруфи итолиёвӣ Руҷиро Леонковалло ба саҳна гузошта шуд.

Ба гуфтаи маъмури театр Зиё Тошев, аз соли 1992 то имруз ҳаводорони санъат аз тамошои ин опера маҳрум буданд, зеро бо шуруъи ҷанги шаҳрвандӣ гуруҳе аз ҳунармандони театр-ширкаткунандагони намоишнома Тоҷикистонро тарк намуданд. Эҳёи намоишнома тавассути ҷалби актёрҳои ҷавон муяссар гардид. Нақшҳои асосиро дар намоишномаи нав ҳунармандони маъруф Акбар Мирраҷабов, Бурҳон Мамадқулов ва барандаи ҷоизаи байналмилалӣ Сайдулло Юсуфов иҷро мекунанд.

"Масхарабозон" тафсири ҳодисаест, ки оҳангсоз Леонковалло дар кудакӣ шоҳиди он шуда буд: як ҳунарманди театри сайёр аз рашк зани худ ва дилдодаи уро ба қатл расондаст. Бори аввал операи "Масхарабозон" соли 1892 дар Милан руи саҳна омад.

Дар Хуҷанд 65-солагии зодрузи адиби шинохта Муҳиддин Хоҷаев таҷлил шуд. Дар як маҳфили адабӣ, ки бо ибтикори раёсати вилоятии Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон баргузор шуд, аз қиссаву роман намоишнома ва филмномаҳои адиб ёдоварӣ шуд, ки миёни мардум маҳбубияти зиёд доранд.

Гуфта шуд, ба вижа филми "Хокистари сузон", ки аз руи филмномаи у чиҳил сол пеш ба навор гирифта шудааст, Муҳиддин Хоҷаевро миёни мардум маъруф кард. Ҳунарпешагони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ чанд пора аз намоишномаҳои Муҳиддин Хоҷаев "Темурмалик ва "Садри Сайҳун"- ро ба аҳли мафҳил тақдим карданд.

"Нигоҳи сайёҳ" - таҳти ин унвон дар маркази фарҳангии "Бохтар"- и Душанбе намоиши аксҳои суратгири фаронсавӣ Фредерик де ла Мур ифтитоҳ шуд. Фредерик де ла Мур солҳои ахир чун суратгири вазорати умури хориҷаи Фаронса аз кишварҳои зиёд дидан кардааст. Дар нахустин намоишгоҳи у дар Душанбе беш аз 100 акс аз зиндагиву рузгори мардуми кишварҳои Осиёву Африқо ва Аврупо ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Қаблан намоиши аксҳои суратгири фаронсавӣ дар Кобул баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG