Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёқуб Салимовро ба Душанбе истирдод карданд?



Искандари Хоҷа Мирзода, Абдуқайюми Қайюмзод



Рузи сешанбе расонаҳои хабарии Русия бо такя ба иттиллои Додоҷони Атовулло - муҳаррири нашрияи "Чароғи Руз" иттилоъ доданд, ки бо қарори додситонии кулли ин кишвар собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон Ёқуб Салимов рузи 24 феврал ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Ёқуб Салимов бо дархости додситонии кулли Тоҷикистон моҳи июни соли гузашта дар Маскав дастгир шуда, дар маҳбаси Лефортовои Маскав мунтазири қарори додистонии кулли Русия буд. Додситонии кулли Тоҷикистон Ёқуб Салимовро дар як силсила ҷиноятҳои вазнин муттаҳам медонад.

Дар робита ба ин додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе Абдуқайюми Қайюмзод чунин гуфт: "Беҳтар аст, ба ин корҳо дахолат накунем, зеро ин кори радиову газету матбуот нест. Ҳамин ки Тоҷикистон омад, мо интервю медиҳем, ки омадаст. Ҳозир ман фол намебинам. Як-ду рузи дигар тоқат кунед. Ин тоза кори тафтишот аст."

Дар суҳбати телефонӣ бо Додоҷони Атовулло пурсидам, ки хабари истирдоди Ёқуб Салимовро аз куҷо пайдо кардааст ва дар ин масъала чӣ маълумоти иловагӣ дорад?

Вай гуфт: "Ду се руз пеш мо хабар ёфтем, ки Ёқуб Салимов ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Имруз, 24 феврал баъзе аз дустони мо дар назди маҳбаси Лефортово буданд, маҳбасе, ки Ёқуб Салимов дар он ҷо нигаҳ дошта мешуд. Ва онҳо хабар доданд, ки Ёқубро бо як конвой ба фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав бурданд. Он ҷо гуруҳи дигар дар Домодедово буданд ва шоҳиди он шуданд, ки Ёқуб Салимов ба таёраи Москва-Душанбе шинонда шуд ва онро ҳашт нафар намояндагони Тоҷикистон, шаш нафар аз вазорати умури дохила, ду нафар аз вазорати бехатарӣ ҳамроҳӣ мекарданд."

Аз хабарнигори тоҷики муқими Маскав пурсидам, ки шумо дар майдони ҳавоӣ будед ва интиқоли Ёқуб Салимовро дидед?

Додоҷони Атовулло гуфт: "Ман худам дар фурудгоҳ набудам. Ин як гуруҳи дустон буданд, мо то охирин лаҳзаҳоя кушиш кардем, ки таввасути аъзои парлумони Русия ва таввасути одамоне, ки ба ҳифзи ҳуқуқи башар машғул ҳастанд, бо хабарнигорон монеъи ин кор шавем, бадбахтона ин тавр нашуд. Баъди чанд соат ин тайёра бо Ёқуб Салимов, ки аз Тоҷикистон ҳамчун дипломат ва ҳамчун сафир берун шуда буд, ба ватани худаш бо дастони баста ва ҳамчун зиндонӣ бармегардад."

Додоҷони Атоввуло ҳамчунин гуфт, қарори таслим намудани Ёқуб Салимовро ба Тоҷикистон додситонии Русия рузи 29 январ содир кардааст.

Вале дар суҳбати дигаре, ки боз ҳам бо Маскав бо генерал Рамазон Раҳимов доштам, хабари фиристода шудани Ёқуб Салимов тасдиқ нашуд. Фиристодаи Тоҷикистон дар Маркази мубориза бо ҷинояткории муташакиллонаи Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ гуфт: "Мо ҳамон ҷо будем, сарҳадбонон розӣ нашуданд, ки уро гузаронем. Ҳамон ҷо мондем, саҳар мефиристемаш. Масъалаи истирдодаш байни прокуратураҳо ҳал шудагӣ аст, ягон ҷои чиз (шубҳа) нест."

Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ як манбаи муътамад, ки нахост, номаш ошкор гардад, гуфт, эҳтимолан Ёқуб Салимов шоми сешанбе аз фурудгоҳи Чкаловски канораи шаҳри Маскав ба Душанбе фиристода мешавад. Ёқуб Салимов - вазири пешини умури дохилаи Тоҷикистон бо дархости додситонии Тоҷикистон 21 июни соли 2003 дар шаҳри Маскав аз суи ниҳодҳои амниятии Русия боздошт шуд ва то замони интиқолаш ба Душанбе дар зиндони Лефортовои ин кишвар буд.

Ҳукумати Тоҷикистон Ёқуб Салимовро дар куштор, бандитизм, ташкили гуруҳҳои ҷиноии муташаккил ва муқовимати мусаллаҳона алайҳи давлат гунаҳкор медонад.

XS
SM
MD
LG