Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Протокол оид ба ҳимояти марз имзо мешавад



Мирзонабии Холиқзод



Муовини раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ҳомидов 19 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, гуруҳи кории Тоҷикистон ва Русия дар садади поён додани таҳияи протоколе мебошанд, ки бар асоси он қитъае аз хатти марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба ихтиёри сарҳадбонони тоҷик вогузошта мешавад.

Оқои Ҳомидов дар робита ба ин меафзояд: "Гуфтушунид идома дорад, ҳайъати корӣ он ҷо кор мекунад, протокол имруз бояд ба имзо расад. Баъд аз протокол созишнома мешавад, вале протокол ин маънии онро надорад, ки ҳама кор ҳал шуд. Дар он масъалаи қисман додани сарҳадот маълум мешавад, куҷо, кай ва то кай."

Бино ба иттилоъи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон интизор меравад, бар асоси ҳамин протокол назорати ҳалқаи аввали марз аз Шуробод то Мурғоб, ки 600 киломерти марзи Тоҷикистону Афғонистонро дар бар мегирад, ба ихтиёри марзбонони тоҷик дода шавад.

Абдураҳмон Азимов - раиси Кумитаи марзбонӣ - дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Тоҷикистон ҳамаҷониба омода ҳастанд, ки ҳам аз лиҳози моддӣ-техникӣ ва ҳам лиҳози ҳирфаӣ қитъае, ки дар марҳилаи аввал ба ихтиёри марзбонони тоҷик гузошта мешавад, таҳти контрол дошта бошанд. Вай афзуд, назорати хатти марзи аз Шурообод то Мурғоб аз манотиқи мушкили сарҳад ба шумор меояд, зеро қочоқи маводи мухаддир умдатар аз пайроҳаҳои зиёди махфии ин ҷойҳо мегузарад.

Бино ба иттилоъи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон тақрибан ҳамаи масоили мавҷуд барои омода намудани протокол дар бораи хориҷ шудани марзбонони Русия аз қитъаи Шурообод то Мурғоб ва наҳваи таслими он ба марзбонони тоҷик омода шудааст. Ба думболи омода шудани ин протокол созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба имзо мерасад. Созишнома оид ба назорати марзи Тоҷикистону Афғонистон соли 1993 барои даҳ сол миёни Русияву Тоҷикистон ба имзо расида буд.

XS
SM
MD
LG